МАВСИМИ НАВИ ПИЛЛАСУПОРӢ ДАР НОҲИЯ ОҒОЗ ЁФТ
Рӯзи 6 майи соли 2025 дар идораи пиллаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ расман маъракаи ҷамъоварӣ ва супориши пилла оғоз гардид. Дар рӯзи аввал, кирмакпарварони фаъол аз ҷумлаи деҳқонони хоҷагиҳои Ниёзмуҳаммад Бегов, Сафар Ҷумаев ва Турахон Исанқулов, инчунин масъулини Ҷамоати шаҳраки Гулистон ва Ҷамоати деҳоти Навбаҳор дар навбати аввал ҳосили заҳматашонро ба нуқтаи қабул пешниҳод намуданд.
Масъулини ҶСП «Пиллаи Ҷалолиддини Балхӣ» қайд намуданд, ки кирмакпарварӣ на танҳо як шохаи муҳим дар соҳаи кишоварзӣ, балки такягоҳи истеҳсолоти саноатии мамлакат маҳсуб мешавад.
Онҳо афзуданд, ки фаъолияти як қатор корхонаҳои коркарди нахи пилла дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоят маҳз ба сифати ин ашёи хоми пурбаҳо вобастагӣ дорад.
Дар шароити кунунӣ, ки Тоҷикистон ҷиҳати гузариш аз як кишвари аграрӣ ба модели саноатӣ-аграрӣ талош меварзад, рушди соҳаи кирмакпарварӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ин раванд масъулияти бештарро барои кишоварзон ва роҳбарони соҳа талаб менамояд.
Тибқи иттилои расида, дар рӯзҳои наздик дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ ҳосили пиллаи худро ба нуқтаи қабул хоҳанд овард. Бо мақсади таъмин намудани раванди босамари қабули пилла, дар идораи пиллаи ноҳия кормандони мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Барои онҳо дар як рӯз ду маротиба хӯроки гарм омода гардида, шароити муносиб фароҳам оварда шудааст, то ки коргузорӣ бе танаффус ва бо самаранокии баланд амалӣ гардад.