Модарам тибқи ҳуҷҷатҳо ҳамсинни падарам буд. Аммо падарам мегуфт:

– Модарат аз ман тахминан панҷ сол хурд аст.

Ҳар касеро, ки тақдир хушбахтии доштани модар насиб кардааст, беҳтарин суханҳоро дар бораи ӯ мегӯяд. Аммо ин калимот наметавонанд, он бузургиеро, ки мансуби сифат ва манзалати модар аст, пурра ифода кунанд.

Модари ман Зебуннисо ном дошт. Дар ҷамоати деҳоти Қафлондара ба дунё омада, дар он ҷо синфи ҳафтро хатм карда буд. Хатту саводи хуб дошт. Вақте  дар аскарӣ будам, ба ман нома менавишт. Ҳусни хаташ хеле зебо буд. Шоирона менавишт ва бештар алами худ, азоби дурӣ аз фарзандашро модарона изҳор медошт ва Худоро дуо мекард, ки дар зиндагиаш бори дигар ӯро соқу саломат бубинад.

февраль 26 2026

 

Падари ман аз ҷавонӣ, баъди хатми синфи ҳафт ва омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба касби муаллимӣ машғул буд.

Дар деҳа қариб касе номи маро намегирифт. Ба ман бо эҳтиром «бачаи муаллим» гуфта, муроҷиат мекарданд.

Ман аз шунидани ин унвон нисбат ба худ меболидам. Шогирдони падарам ба ман муносибати эҳтиромона доштанд. Аз он мефахридам.

Ҳар рӯз падарам субҳи барвақт ба кори хона машғул мешуд. Баъди он тез дасту рӯ мешуст. Риши худро пок метарошид. Либосҳои тозаву озода мепӯшид. Ба майли том ба мактаб, ба кор мерафт. Ман ҳам падарамро то дами дарвоза гусел мекардам. Ва омаданашро низ интизор мешудам.

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврали соли 2026, тахминан соати 01:20 дақиқа дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии дидбонгоҳи сарҳадии «Дарқади»-и қисми ҳарбии 0307-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 4 нафар қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.

"КОРРУПСИЯ - ХАТАРИ ҶИДДӢ БАРОИ ҶОМЕА ВА НАСЛИ ОЯНДА" Таҳти ҳамин унвон 23 майи соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи сатҳи ноҳиявӣ оид ба муқовимат бо коррупсия баргузор гардид. Ин ҷаласа бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Бохтар доир шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими муборизаи дастаҷамъона алайҳи ин падидаи номатлуб буд. Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Бохтар Акрамзода Ёсуман, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, намояндагони ҷамоати шаҳраки Балх, омӯзгорон, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, падару модарон ва фаъолони ҷомеа ширкат варзиданд. Сараввал, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки коррупсия ҳамчун монеаи ҷиддӣ дар роҳи пешрафти давлату ҷомеа амал мекунад ва танҳо бо иттиҳоду масъулияти шаҳрвандӣ метавон онро решакан кард. Сипас, Акрамзода Ёсуман суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард: "Коррупсия на танҳо иқтисоди миллиро суст месозад, балки ба сатҳи боварии мардум ба ҳокимият зарбаи ҷиддӣ мезанад. Вақте ки қонун бо пул хариду фурӯш мешавад, дигар наметавон аз адолат ҳарф зад. Ин амали номатлуб ахлоқ ва виҷдони ҷомеаро мекушад, арзишҳои миллӣ ва диниро зери хатар мегузорад". Ӯ таъкид намуд, ки тарбияи дурусти насли наврас ва таҳкими маърифати зиддикоррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирии коррупсия мебошад. Ба гуфтаи ӯ, агар фарзандон дар муҳите ба камол расанд, ки қонуншиканӣ ва порахӯрӣ маъмул бошад, эҳтимоли такрори чунин рафтор дар онҳо зиёд мегардад. Аз ин рӯ, ҳамкории зич миёни ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатӣ аҳамияти хосса дорад. Дар рафти ҷаласа иштирокчиён ибрози назар карданд, ки бояд ҳар як шахс, новобаста аз мақому вазифа, дар баробари қонун ҷавобгар бошад. Пешгирии коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти умумимиллӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванд аст. Дар фарҷом аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар мубориза бо коррупсия фаъолона ширкат варзида, ба насли оянда муҳити солим, одилона ва шаффофро мерос гузоранд.

                                 ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

 Санаи 21 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ҷаласаи комиссия оид ба таъмини бехатарӣ ҳаракат дар роҳҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.



                                                             ҲАШАРИ ТОЗАКОРӢ ДАР ОРОМГОҲ

  Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва тозакориҳо, дар рўзи 18 январи соли 2025, бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини               Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло, дар Оромгоҳи Ҷамоати деҳоти Навоӣ ҳашари тозакорӣ доир гардид.

 

                                                                       "МОДАРОНИ ШАРАФМАНД"

 Чорабинии “Модарони Шарафманд”, ки 21 январи соли 2025 дар Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор                              гардид, як амалияи муҳим ва рамзи эҳтиром ба нақши модарон дар тарбияи фарзандон мебошад.

 

                                   ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

   Санаи 21 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти           раёсати раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ҷаласаи комиссия оид ба таъмини бехатарӣ ҳаракат дар роҳҳои                                                    назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.


                                                                      АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ

                Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи ҷашни 35-солагии                                   Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию сабзгардонӣ бо мааром ҷараён дорад.

 

                                                                       АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли                                         давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию сабзгардонӣ бо мааром ҷараён дорад.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Март 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031