НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
январь 22 2025

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

Санаи 21 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ҷаласаи комиссия оид ба таъмини бехатарӣ ҳаракат дар роҳҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур аъзои комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, ташкилоту муассисаҳои марбута ва масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

Дар ҷараёни ҷаласа ба баррасии масъалаҳои соҳаи нақлиёт, ки бо фаъолияти ронандагон ва тартиботи ҳаракат дар роҳ алоқаманд аст, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Аз ҷумла, яке аз мушкилоти асосии маркази ноҳия – танбашавии роҳҳо, бахусус дар назди бозорҳо ва марказҳои савдо, муаррифӣ гардид. Вазъияти ба вуҷуд омада барои ронандагон ва пиёдагардон монеа эҷод мекунад ва ба бехатарии ҳаракат дар роҳтаъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамчунин, масъалаи тамбашавии мошинҳо дар назди биноҳои навсохт, ки дар онҷо ҷойи махсус барои таваққуфгоҳи мошинҳо пешбинӣ нашудааст, яке дигар аз мавзӯъҳои муҳокимашударо ташкил дод.

Қайд гардид, ки ин масъала, ки ба нақлиёти ҷамъиятӣ ва хусусӣ, инчунин ба сабабҳои экологӣ ва бехатарӣ таъсир мерасонад, зарурати таҳлили амиқ ва чораҳои муассирро дорад.

Ба иттилои Абдураҳимзода Нуралӣ, сардори шуъбачаи БДА дар соли 2024, 10621 қоидавайронкунии ҳаракати нақлиёт аз ҷониби ронандагон сабт гардида, протоколҳо нисбат ба онҳо тартиб дода шудаанд. Ин омор нишон медиҳад, ки қоидавайронкунии ронандагон дар ноҳия ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, ки барои рафъи он, таҷриба ва тадбирҳои беҳтар ва муассир тарталаб карда мешавад.

Айни ҳол, бештар аз 670 ҳазор сомонӣ маблағи ҷаримаҳое, ки аз ронандагон ситонида шудаанд, ба буҷети ноҳия ворид гардидааст. Ин маблағ метавонад барои беҳтар кардани инфрасохтор ва вазъи роҳҳо, инчунин таҳия ва насби чароғаки роҳнамо ва дигар эҳтиёҷот истифода шавад.

Таъмири чароғакҳои роҳнамо, ки барои таъмини тартибот ва бехатарии ҳаракат дар роҳ зарур аст, таъмини тартибот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нақшаи асосии мақомоти ноҳия дар рӯзҳои наздик мебошад.

Ҳадафи асосӣ таҳкими корҳои профилактикӣ ва таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 22 январь 2025 14:50
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 210
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30