САРБОЗОНИ НОҲИЯБОМЕДАЛИ«МАРЗБОНИШУҶОИ  ТОҶИКИСТОН» САРФАРОЗГАРДИДАНД

   Санаи 6 июни соли 2023 аз тарафи намояндагони Қушунҳои сарҳадӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, ба ду нафар сарбозон Назиров Баҳриддин, истиқоматкунандаи деҳаи Истгоҳи Киров Ҷамоати деҳоти Ҳалевард ва Алиқулов Холмурод, истиқоматкунандаи деҳаи Бустони Ҷамоати шаҳраки Гулистон, ки хизмати худро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сарбаландона адо намуданд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон», ки бо он хидматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар шахсон барои корнамоиҳо ва хидматҳои махсус ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҷасорату фидокорӣ, ҳушёрӣ ва ташаббускорӣ ҳангоми боздоштани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ, барои кумаки фаъолона ба қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ тақдим мегардад, қадрдонӣ карда шуданд. Азбаски Алиқулов Холмурод айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон"-ро ба падари ӯ супориданд.

 ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ   МИЛЛАТ» Санаи 6 июни соли 2023

    Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бо иштироки аъзои ҳакамон Саодат Алаёрова, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабоева, мудири бахши кор бо занон ва оила Ҷаъфарзода Фарзона, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қурбонзода Хуршед ва директории китобхонаи марказӣ Наргис Салимова баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кормандони баъзе ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, ғолибон ба даври сеюми вилоятӣ роҳхат гирифтанд. 

                                                                                                                                                                                                                 

                                    «ҲАМНИШИНЕ НЕСТ БЕҲТАР АЗ КИТОБ»

 Тибқи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 5 июни соли равон библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабоева, мудири бахши фарҳанг Латифзода Насиба, директори китобхонаи марказӣ Наргис Салимова, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» Ибодуллоҳ Одиназода, аъзои китобхона ва филиалҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд. Баргузор намудани чунин озмунҳо барои ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониш, завқи бадеӣ ва ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии онҳо мусоидат менамояд. Дар фарҷом иштирокчиёни фаъол аз тарафи директори китобхонаи марказии ноҳия Наргис Салимова бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

 

      ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

   Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба чорабинии як моҳи ҳаёти кӯдакон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор чорабиниҳо таҳия гардида, кӯдакон ба ҷойҳои таърихии ноҳия аз қабили Осорхона, Мақбара ва Хона – музейи Ҷалолиддини Балхӣ ҷалб карда шуданд. Инчунин оид ба ин чорабинӣ як қатор озмунҳо гузаронида шуд, ки ғолибон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ расонидан ба кӯдакони маъюб ва имконияташон маҳдуд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муовини раиси ноҳия Сангализода Қумринисо, сармутахассис - котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба соҳаи иҷтимоӣ ба 85 нафар кӯдакони маъюби бистарӣ кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд. Дар ҳамин раванд муовини раиси ноҳия Сангализода Қумринисо аз шарту шароитҳои муассисаҳои томактабии ноҳия дидан намуданд.

                                                               КОРИ ХАЙР

     Имрӯз 26 майи соли ҷорӣ аз тарафи раиси Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Эшбуризода Баҳриддин бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба 18 нафар кӯдакони имконияти маҳдуд доштаи ҷамоати мазкур маҳсулотҳои хӯрока ва шириниоҳо кумак карда шуд.

                    БОЗДИД АЗ ВАЗЪИ СОҲАИ МАОРИФ

         Рӯзи 23 майи соли 2023 муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сангализода Қумринисо аз вазъи соҳаи маориф дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуда, барои баланд бардоштани таълиму тарбия, либоси мактабӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, ҷалби духтарон ба зинаҳои таҳсилот, инчунин оид ба ободонӣ ва таъмири гирду атроф ва дохили муассисаҳои таълимӣ бо иштироки омӯзгорон суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

 

                              БОЗДИД АЗ ВАЗЪИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

  Санаи 22 майи соли 2023 муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сангализода Қумринисо аз вазъи соҳаи тандурустӣ дидан намуд. Аз тарафи муовини раиси ноҳия оид ба вазъи ободонии гирду атрофи беморхонаи марказии ноҳия, шинонидани гулу буттаҳо, инчунин ҷиҳати санитарӣ ва гигиении шуъбаҳои беморхона ба масъулини соҳа маслиҳатҳои муфид барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муҳлат дода шуд. Шоҳсанам Аҷикова, "Навиди Балх"

 

 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НЕРӮИ СОЗАНДАИ ҶАВОНОН БОВАР ДОРАНД «Мо ҷавононро нерўи созандаву бунёдкор, пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем». Эмомалӣ Раҳмон Ҳанӯз 17 марти соли 1994 мулоқоти нахустини Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат ва раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардида, ин нишонаи онро дорад, ки Пешвои миллат ба нерӯи созандаи ҷавонон бовар доранд ва яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат меҳисобанд. 

   ҶАВОНОН - НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки дар муассисаҳи таълимии ноҳия вохӯриҳо бо хонандагони синфҳои болои гузаронида мешавад. 

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»         Санаи 15 майи соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки Қосимзода Шералӣ -раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Давлатов Хайрулло -директори муассисаи давлатии театри вилоятии шаҳри Бохтар, Усмонова Моҳира -омӯзгори мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар, Боймуродов Саидмурод -мудири дафтари методии мактабҳои санъат ва мусиқии назди Раёсати фарҳангии вилояти Хатлон, Ризоев Муҳаммад -роҳбари маркази илмӣ - фарҳангии назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, ва Латифзода Насиба -мудири бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» аз тарафи бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз синни 12 то 17 сола ва аз 18 то 40 сола баргузор гардида ва аз рӯйи 4 номинатсия иштирок намуданд.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30