Баргузории мусобиқаи варзиши дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    Санаи 16 майи соли 2023 дар доираи моҳвораи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди варзиши сабук байни наврасону ҷавонон гузаронида шуд. Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 

                         ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «ОИЛАИ МАСЪУЛИЯТШИНОС»

     Рӯзи 13 майи соли 2023 дар толори Мактаби байналмилалии Президентии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои ҷамъбасти даври вилоятии озмуни «Оилаи масъулиятшинос» бо иштироки сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ ва дигар намояндагони мақомот, аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оилаҳои масъулиятшинос, аз тамоми ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.

                                 ТОЗАКОРИИ ДАСТАҶАМЪӢ

   Имрӯз 13 майи соли 2023 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки тамоми корхонаю идораҳо ва фаъолон шанбегии дастаҷамъӣ гузаронида шуд. Дар ин рӯз ҷуйҳо поккорӣ шуда, роҳраву канори ҷодаҳо аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуданд. Ҳамзамон ба хотири сабзу хуррам гардонидани ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулу буттаҳо ва дарахтони канори роҳҳо нигоҳубин ва об дода шуданд. Агар атроф тозаву озода муаттару дилнишин бошад, табъи кас низ болидаву хотир осуда мегардад. Набототу растаниҳо, ки асоси зебоии табиатро ташкил мекунанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти инсоният ниёз доранд. Тасмим аст, ки ин тадбир минбаъд низ идома дода шавад. Парвина АҶИКОВА, "Навиди Балх"

 

 

ОЗМУНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» БАРГУЗОР ГАРДИД

   Санаи 3 майи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид. Озмун бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷамъи довталабон баргузор гардид. Аз оғоз саҳни муассиса пур аз ҳаводорону иштирокчиёни озмун гардид, ки ҳар кадом бо ҳазорон боварӣ иштирок намуда, муваффақ шудан мехостанд. 

                    КОНСЕРТИ ҲИСОБОТИИ МАКТАБИ САНЪАТИ БАЧАГОНАИ НОҲИЯИ                               ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

    

       Санаи 1 майи соли 2023 дар толори Қасри фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ консерти ҳисоботии мактаби санъати бачагонаи ноҳия бо иштироки Боймуродов Саид -мудири дафтари методии мактаби санъати Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Шарипов Фирӯз, мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Абдулов Раҷабалӣ -мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Латифзода Насиба -мудири бахши фарҳанги ноҳия, волидони хонандагон ва устодон баргузор гардид. Дар ибтидо маҳсули эҷодии рассомони навраси ин боргоҳи ҳунаромӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар барномаи ҳисоботии мактаби санъат асарҳои муосири классик ва суруду рақсҳои мактаби мазкур манзури тамошобинон гардид. Дар фарҷом намояндагон ба консерти ҳисоботии муассиса хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ изҳори сипос намуда, барои саҳми муносиб дар тарбияи фарҳангии насли наврас ба омӯзгорони фаъол изҳори миннатдорӣ намуданд. Парвина АҶИКОВА, "Навиди Балх"

 

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДОИР ГАРДИД

     Санаи 19 апрели соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода Искандар Миралӣ ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дар љаласа раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, аъзоиШӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишавандаи дахлдор ширкат варзиданд. 

                                  ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

  Бо иштироки сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат имрӯз 11 марти соли 2023 дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Гулгашт ва назди майдони Нишони давлатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, зебоипарастии мардуми бо фарҳанги тоҷик ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Тоҷикона мепӯшем" баргузор гардид.Қайд гардид, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.  

 

  


 

                          ОЗМУНИ «САД РАНГИ ЧАКАН» БАРГУЗОР ГАРДИД

         «Фарҳанг ҳамчун волотарин дастоварди аҳли башар аст, ки бо туфайли кору фаъолият, суннату анъанаҳо мақому қурби ҳар як миллату давлатро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад». Эмомалӣ Раҳмон Санаи 11 апрели соли 2023 дар чойхонаи «Шамсулло»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фестивали даври ноҳиявии «Сад ранги чакан» бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, мудири бахши кор бо занон ва оила Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷаъфарзода Фарзона, мудири бахши фарҳанг Латифзода Насиба, фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва кормандони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид. Фестивал аз рӯйи номинатсияҳои «Намоиши либоси кӯдакона», «Намоиши либоси рӯзмарра», «Либоси маросимӣ ва идона» ва Либосҳои расмӣ» ҷараён гирифт.

 Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъати ҳунари волои халқи тоҷик баргузор гардид.

 

                  «ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН»

  Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар шаҳру навоҳии кишвар Фестивали умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад, ки дар доираи он як қатор маҳфилу чорабиниҳо баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла санаи 4 апрели соли 2023 дар толори китобхонаи марказии ноҳия дар якҷоягӣ бо китобхонаи бачагонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бахшида ба 145-солагии Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддини Айнӣ баргузор гардиданд. Дар чорабинии мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабоева, мутахассиси пешбари бахши фарҳанг Гулмурод Кабиров, директори китобхонаи марказӣ Имомзода Адолат, адиб ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» Ибодуллоҳ Одиназода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдухолиқ Розиқов, мудирони филиалҳои китобхона ва кӯдакону наврасон иштирок доштанд. 

 КВОТА - ИМТИЁЗ БА ТАҲСИЛ  Санаи 31 марти соли ҷорӣ дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври озмуни ноҳиявии санҷишҳои имтиҳонии дохилшавӣ тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин рӯз аъзои комиссияи квотаи Президентӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок намуданд. Тибқи иттилои шуъбаи маорифи ноҳия дар озмун хонандагони муассисаҳои ҳудуди ноҳия ҷиҳати дарёфти роҳхат ба даври ниҳоӣ 139 нафар хатмкунандагон роҳхат гирифта, ширкат варзиданд. Соли ҷорӣ шумораи квотаи Президентӣ барои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 24 нафарро ташкил намуд, ки аз ҷумла 12 нафар духтар аз рӯи 12 ихтисос роҳхат ба даври вилоятӣ гирифта аз рӯи ҳар ихтисос то шаш нафар довталаб ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.  Ёдовар мегардем, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон дар рӯҳияи илмомӯзиву маърифатпарварӣ Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бобати дарёфти чеҳраҳои болаёқат имтиёзҳои заруриро фароҳам овардаанд. Парвина АҶИКОВА, "НАВИДИ БАЛХ"

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30