ХАРИДУ ФУРЎШИ МАВОДИ НАШЪАДОР ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

   Ҳодисаҳои фоҷеаоваре, ки тайи солҳои охир аз ҷониби гуруҳҳои терористӣ-экстремистӣ ва гуруҳҳои мутташаккили ҷиноят ба назар мерасанд, аз як тараф гушрас намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба хатари терроризм бошад, аз тарафи дигар кирдорҳои мазкур водор намуданд, ки бо кадом зуҳурот робита доштани терроризмро андеша намоем. Яке аз робитаи хатарноктарини он, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад, ки он яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории тероризми байналмилалӣ аст.

   Хариду фурӯши маводи нашъаовар мувофиқи маълумотҳои алоҳида ба 400-500 млрд. долл. Ё ин ки 8-10% -и арзиши умумии гардиши моли тамоми дунёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи ин ба тахрибкорӣ ва анҷоми амалҳои террористиву экстремистӣ равона мегарданд.

Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли мубориза бар зидди маводи мухаддир буда, тамоми имконияту воситаҳои худро дар пешгирї ва  мубориза  алайњи  чунин  хасоил  равона кардааст.

                        ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД

    Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас дар натиҷаи меҳру муҳаббати хос пайдо мегардад. Тифле, ки ба олами ҳастӣ чашм во мекунад, дар атрофаш ҳатман инсонеро мебинад. Охир, инсонро инсон ба воя мерасонад, тарбия мекунад, таълим меомӯзад ва роҳи зиндагиро нишон медиҳад, на махлуқоти дигар. Он тифле, ки аллакай аз дунё дидан намуд, ҳарчанд ҳарфе гуфта натавонад, вале бо ҳар наззорааш омӯхтаниҳои зиёдеро ба худ мегирад.

   Мутаассифона, на ҳар нафаре, ки ба воя расонидани тифл бар дӯши ӯст, уҳдабаро аст. Зеро, он тифл агар аз як тараф бо беҳдошти саломатӣ ва ғизои солим ба воя бирасад, аз тарафи дигар бояд он ғизои маънавӣ бигирад. Ғизои маънавӣ ин худ бо меҳр ва меҳрубонӣ ба воя расонидани тифл аст. Зеро кӯдаке, ки дар атрофи худ меҳрро нисбат ба худ мебинад, ва меҳрубониҳои наздикони худро эҳсос мекунад, дучанд нерӯ гирифта, ба мустақилии худ ва пешбурди роҳи ҳаёт фикр мекунад. Аммо кӯдаке, ки ҳанӯз аз айёми тифлӣ ғамхорӣ ва муҳаббатро нисбати худ эҳсос нанамояд, пас худро нафари нолозим дар ҷомеа эҳсос намуда, доимо дилгирифта ва дилафгору ноумедӣ дар ӯ ба назар мерасад.

   Ҳар нафаре, ки ба тарбияи кӯдак вобаст аст- падару модар, хоҳару бародар, хешу ақрабо дар муҳити хонавода, устод ё муаллим дар макони таълим, ёру дӯстон ҳангоми дидорбинӣ ё ин ки роҳбар ва шахсони собиқадор дар коргоҳҳо нисбат ба кадрҳои ҷавон,….. бояд меҳр дошта бошанд ва ба қадри имкон меҳрубониҳо намоянд. Зеро, мо медонем, ки дар бадани ҳар инсони зинда хун дар рагҳои хунгард дар гардиш буда, ҳарораташ гарм аст. Ин гармӣ нишона аз он аст, ки дар дили ҳар нафар меҳре чун лахча ё оташпора ниҳон аст. Агар боди сарде ба он бирасад, ба хокистар мубаддал мегардад ва баръакс агар гармие ҷонибаш равона шавад, фурӯзонтар мешавад. Вақте он ба шуълазанӣ шуруъ мекунад, аллакай аз чеҳраи ана ҳамон нафар муайян мегардад, ки ӯ меҳр ё меҳрубоние дидааст, ки боиси кушодарӯӣ, табассум ва эҳсоси тавонмандии ӯ гардидааст.

                                 1 АПРЕЛ - ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ!

    Тавре маълум аст, ҳамасола дар саросари кишварамон -Тоҷикистони азиз шурӯъ аз 1 апрел мавсими даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз мегардад. Бо ин мақсад, дар рӯзи аввали мавсими даъвати баҳорӣ аз маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷавонони даъватшуда дар даст шиор ва Парчами миллӣ то назди Маҷмааи варзишии Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ намуданд. Дар оғози ҳамоиш раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба сохторҳои марбутаи давлатӣ, комиссияҳои даъватӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва волидоне, ки фарзандонашон довталабона хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро ихтиёр намуданд, изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.

 

                        БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ "ҲУСНОРО"

   Санаи 12 марти соли 2024 дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамбастагӣ бо бахшҳои кор бо занон ва оила, фарҳанг ва шуъбаи маориф даври ноҳиявии озмуни «Ҳусноро» бахшида ба Рӯзи Модар ва иди Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, инкишофи фарҳангу ҳунари миллӣ, тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи зебоиофарӣ ва зебоипарстӣ, ахлоқи ҳамида, мусоидат дар маърифати оиладории ҷавондухтарон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби насли наврас ба эҷодкорӣ баргузор гардид. Озмун аз рӯйи шартҳои зерин: қироати шеър дар васфи Модар, Ватан, Баҳор, Наврӯз ё замзамаи суруд ( алоҳида ё гуруҳӣ то 4 дақиқа), намоиши либоси чакан бо дӯхти замонавӣ: (тарзи роҳгардӣ, шинаму миллӣ будани либос, чеҳраи кушода ва табассум то 2 дақиқа), ороиши мӯй (то 5 дақиқа) ва сурудани аллаи модар бо шеваи модарона бе мусиқӣ (то 5 дақиқа) гузаронида шуд. Дар фарҷом ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида шуданд.  

 

                            МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ - БЕҲБУДИИ ҲАЁТИ ФАРЗАНДОН

         Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар самти пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ноболиғону ҷавонон, зӯроварӣ, хариду фурӯши инсон, рафти иҷрои қонунҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъуляти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бо иштироки Барно Саидова - сармутахассис - котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Ҷавоҳир Риоева - сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила, Хайринисо Қаҳорова-сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои деҳоти Ҳалевард, Золи Зар ва Навоӣ байни волидайн, омӯзгорон ва хонандагон вохӯрии судманд доир карда шуд. 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НЕРӮИ СОЗАНДАИ ҶАВОНОН БОВАР ДОРАНД «Мо ҷавононро нерўи созандаву бунёдкор, пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем». Эмомалӣ Раҳмон Ҳанӯз 17 марти соли 1994 мулоқоти нахустини Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат ва раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардида, ин нишонаи онро дорад, ки Пешвои миллат ба нерӯи созандаи ҷавонон бовар доранд ва яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат меҳисобанд. 

   ҶАВОНОН - НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки дар муассисаҳи таълимии ноҳия вохӯриҳо бо хонандагони синфҳои болои гузаронида мешавад. 

        Баргузории мусобиқаи варзиши дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    Санаи 16 майи соли 2023 дар доираи моҳвораи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди варзиши сабук байни наврасону ҷавонон гузаронида шуд. Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 


                                         ОЗМУНИ "ВАТАНПАРВАР" БАРГУЗОР ГАРДИД

         Санаи 20 феврали соли 2023 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озмуни ноҳиявии ҳарбӣ–варзишии «Ватанпарвар» бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 10 ва 11–и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар майдончаи варзишӣ бо ташаббуси кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия баргузор гардид. Мусобиқа аз рӯи намудҳои зерин гузаронида шуд: -давидан ба масофаи 100 метр, -овезон шудан, кашидани турник, -машқҳои сафороӣ -сангбардорӣ (гирбардорӣ) -беҳтарин газетаи деворӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ. Пас аз анҷоми мусобиқа ғолибон аз рӯи намудҳои муайяншуда бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Мақсад ва вазифа - баланд бардоштани сифати ахлоқӣ, такмил додани корҳои ватандӯстӣ, варзиши байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тайёр намудани онҳо барои аз худ намудани «Барномаи омодагии ҳарбӣ дар синфҳои болоӣ», тарбия намудани масъулиятнокӣ нисбат ба артиш, сифатҳои олии маънавӣ, ташаббускорӣ ва худ фаъолиятӣ, шуурнокӣ, бародарӣ, дӯстиву иттифоқӣ, ҷасорат, зиракӣ ва тобоварӣ мебошад.

 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930