ХАРИДУ ФУРЎШИ МАВОДИ НАШЪАДОР ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА.
Ҳодисаҳои фоҷеаоваре, ки тайи солҳои охир аз ҷониби гуруҳҳои терористӣ-экстремистӣ ва гуруҳҳои мутташаккили ҷиноят ба назар мерасанд, аз як тараф гушрас намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба хатари терроризм бошад, аз тарафи дигар кирдорҳои мазкур водор намуданд, ки бо кадом зуҳурот робита доштани терроризмро андеша намоем. Яке аз робитаи хатарноктарини он, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад, ки он яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории тероризми байналмилалӣ аст.
Хариду фурӯши маводи нашъаовар мувофиқи маълумотҳои алоҳида ба 400-500 млрд. долл. Ё ин ки 8-10% -и арзиши умумии гардиши моли тамоми дунёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи ин ба тахрибкорӣ ва анҷоми амалҳои террористиву экстремистӣ равона мегарданд.
Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли мубориза бар зидди маводи мухаддир буда, тамоми имконияту воситаҳои худро дар пешгирї ва мубориза алайњи чунин хасоил равона кардааст.
Ба тамоми чораҳои андешидашуда нигоҳ накарда, ин мушкилот ҳоло ҳам яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ боқӣ мондааст. Бо ин мақсад дар Тоҷикистон як қатор тадбирҳои таъхирнопазир барои муътадил сохтани вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, пешгирии роҳҳои қочоқ, коҳиши сатҳи муомилоти ғайриқонунии онҳо ва истифодаи маводи нашъадор роҳандозӣ карда шудаанд.
Бо мақсади пешгирӣ аз болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва истифодаи ғайритиббии онҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021 таҳти №145 “Стратегияи миллї оид ба назорати маводи нашъаовар дар Тољикистон барои солњои 2021-2030” қабул карда шуд. Мақсади асосии Стратегия коҳиши амалии паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли ғайритиббии онҳо буда, хатари ин омилҳоро ба солимии аҳолӣ коҳиш медиҳад.
Зимнан, бояд хотирнишон сохт, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир масъалаест, ки дар мубориза бо он дар баробари сохторҳои давлатӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла мо, ҷавонон масъулем. Чунки дар шароити рӯзафзу ниммураккаб гардидани авзои ҷомеа яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба саломатӣ ва генафонди миллат ин маводи мухаддир аст, ки аз тарафи гуруҳҳои манфиатхоҳ ҳамчун яроқи қатли ом мавриди истифода қарор дода шудааст.
Пас, моро зарур аст, то дар ҷомеаи имрўза, ки пур аз нишоту шодист, пайи ободкориву созандагӣқадам бардошта дар роњи давлатсозӣустувор ва ќавиирода бошем. Бо чунин амалҳои хоснабуда ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузорему зиндагии шоистаеро дар худ барқарор намоем. Фардои дурахшони миллати тоҷикро дар фазое табдил диҳем, ки танҳо бўйи гулҳои шукуфон ва ғунчаҳои навруста бошад ва касе натавонад, ин фазоро халалдор кунад.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноњияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Хуршед.