-->
 

   Санаи 18 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ аз озмуни ҷумҳуриявӣ Осорхонаҳо таҳти унвони "Оинаи таърих" гузаронида шуд. Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сазовори ҷойи якум гардид.

                                                  ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОН

         Санаи 18 майи соли 2023 дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 вохӯрии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Навоӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳолати мелиоративии заминҳо ва бунёди иншоотҳои ҷашнӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, муроҷиатҳои фаъолон шунида шуда, ба масъулин, аз ҷумла муовинони раис, роҳбарони ташкилоту муассиса супоришҳои мушаххас дода шуд. "НАВИДИ БАЛХ"

 

 

 

                                Таъминоти кадри  дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    Бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо қарорҳои раиси ноҳия имрӯз Қурбонзода Қурбоналӣ Муродалӣ ба мансаби муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ ва Сангализода Қумринисо Сафаралӣ ба мансаби муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ таъйин карда шуданд. Қурбонзода Қурбоналӣ тоинҷониб дар мансаби сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва Сангализод Қумринисо дар мансаби муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон фаъолият менамуданд. Масъулияти навбатӣ муборак бошад!

 

 

 

 

 

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»         Санаи 15 майи соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки Қосимзода Шералӣ -раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Давлатов Хайрулло -директори муассисаи давлатии театри вилоятии шаҳри Бохтар, Усмонова Моҳира -омӯзгори мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар, Боймуродов Саидмурод -мудири дафтари методии мактабҳои санъат ва мусиқии назди Раёсати фарҳангии вилояти Хатлон, Ризоев Муҳаммад -роҳбари маркази илмӣ - фарҳангии назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, ва Латифзода Насиба -мудири бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» аз тарафи бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз синни 12 то 17 сола ва аз 18 то 40 сола баргузор гардида ва аз рӯйи 4 номинатсия иштирок намуданд.

        Баргузории мусобиқаи варзиши дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    Санаи 16 майи соли 2023 дар доираи моҳвораи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди варзиши сабук байни наврасону ҷавонон гузаронида шуд. Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 

                         ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «ОИЛАИ МАСЪУЛИЯТШИНОС»

     Рӯзи 13 майи соли 2023 дар толори Мактаби байналмилалии Президентии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои ҷамъбасти даври вилоятии озмуни «Оилаи масъулиятшинос» бо иштироки сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ ва дигар намояндагони мақомот, аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оилаҳои масъулиятшинос, аз тамоми ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.

                                 ТОЗАКОРИИ ДАСТАҶАМЪӢ

   Имрӯз 13 майи соли 2023 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки тамоми корхонаю идораҳо ва фаъолон шанбегии дастаҷамъӣ гузаронида шуд. Дар ин рӯз ҷуйҳо поккорӣ шуда, роҳраву канори ҷодаҳо аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуданд. Ҳамзамон ба хотири сабзу хуррам гардонидани ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулу буттаҳо ва дарахтони канори роҳҳо нигоҳубин ва об дода шуданд. Агар атроф тозаву озода муаттару дилнишин бошад, табъи кас низ болидаву хотир осуда мегардад. Набототу растаниҳо, ки асоси зебоии табиатро ташкил мекунанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти инсоният ниёз доранд. Тасмим аст, ки ин тадбир минбаъд низ идома дода шавад. Парвина АҶИКОВА, "Навиди Балх"

 

 

     Санаи 12 майи соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ, деҳаи Суюнобод аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Риоева Ҷавоҳир-сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила, Саидова Барно, сармутахассис - котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдак, Шарипов Ҷонибек- директори маркази мубориза бо бемории ВНМО, Назарова Меҳрангез -муовини директори маркази саломатӣ ва Самиев Абдулмутолиб -эмомхатиби масҷиди ҷомеа бо сокинони маҳалла вохӯрӣ оид ба масъалаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир намуданд.

 

                             МАРКАЗИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ЧАРОҒОН ШУД

   Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, сокинон ният доранд, ки бахшида ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъиноти гуногунро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд. Дар пайравӣ ба ин анъанаи нек ва саҳмгузорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон дар кӯчаи Румии Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳия 68 сутунпояи равшанидиҳанда, ки дарозиашон 12 метрро ташкил медиҳад, насб карда шуд. Чунин корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни миллӣ дар ноҳия ҷараён дошта, сокинони сарбаланди ноҳия нақша доранд, саҳми худро ба ин васила дар ободонии ин гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосо гузоранд. "НАВИДИ БАЛХ"

ОЗМУНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» БАРГУЗОР ГАРДИД

   Санаи 3 майи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид. Озмун бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷамъи довталабон баргузор гардид. Аз оғоз саҳни муассиса пур аз ҳаводорону иштирокчиёни озмун гардид, ки ҳар кадом бо ҳазорон боварӣ иштирок намуда, муваффақ шудан мехостанд. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Март 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031