-->
 

                                                БА ҲИФЗИ ВАТАН ОМОДАЕМ!

   Имрӯз  ҷавонони  ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ вобаста ба миён омадани вазъи ноороми сарҳад дар марзи Қиргизистон бо баргузор намудани ҳамоиш ҷонибдории худро дар самти ҳимояи сарҳади Тоҷикистон иброз намуданд. Дар ҳамоиш ҷавонон амалҳои ноҷавонмардонаи сокинони ҳамсоякишвари Қирғизистонро маҳкум намуда,  бо  пайравӣ  аз  Пешвои  ҷавонпарвари  худ  мавқеи  устувори  худро  дар  ҳимояи хоки муқаддаси Тоҷикистон  изҳор  намуданд.  Дар  Муроҷиатномаи  қабулнамудаи ҷавонон даъват ба хифзи сарҳад, хизмат ба Ватан - Модар ва ҳифзи Ватан ба ивази ҷони худ тарғиб мешавад.

АМАЛҲОИ НОҶАВОНМАРДОНАИ МАРЗБОНОНИ ҚИРҒИЗИСТОНРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!    Аҳли соҳаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо таассуфи хеле зиёд аз марзбонони қисми сарҳадии вилояти Бодканти Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Зеро марзбонони қисми сарҳадӣ шартномаи тарафайн, ки соати 18,19-и рӯзи 15.06 оид ба оташбас байни сарҳадот аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии ҳарду ҷумҳурӣ шуда буд, вайрон карда соати 4:35 дақиқаи шаби 16.09. 2022 аҳдшиканона ба сӯи дидбонгоҳи сарҳадии марзи ҷумҳурии мо оташ кушода, ду марзбон ба ҳалокат ва зиёда аз 20 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд, ки айни замон дар беморхонаҳои шаҳри Исфараи вилояти Суғд бистарӣ гардида, зери назорати қатъии духтурон қарор доранд. Инчунин дар тамоми воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбати марзбонон ва мардуми бонангу номусу бофарҳанги мо туҳмату ҳангомаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида истодааст. Аз ин рӯ маорифчиёни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ин амалҳои ноҷавонмардонаи марзбонони қисми сарҳадӣ ва хабарҳои номатлуби кормандони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистонро қотеъоеа маҳкум менамоянд.

   Ҳакимзода Хайрулло, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

 

   БАҲРИ ҲИФЗИ МАРЗИ КИШВАР ОМОДАЕМ! Дар марҳилаи  ҷаҳонишавӣ  ва бархурди манфиатҳои миллию  сиёсии  абарқудратҳо сар задани муноқишаи навбатӣ дар марзи  кишвари  ҳамсоя  -  Қирғизистон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо гузашти солҳо тарафдори ҷанг набуд ва ягона роҳи ҳалли масоили гуногуни сиёсию иҷтимоиро бо дарназардошти мусолиҳаву ризоияти тарафайн ба роҳ мемонад. Дар ин раванд яке  аз иқдомҳои аввалине, ки  роҳбарияти  олии Ҳукумати кишвар аз рӯзи нахустини фаъолият амалӣ намуд, ин рӯй овардан ба "Сиёсати дарҳои боз" мебошад. 

 

 

 

   ВОРУХ ПОРАИ ТАНИ ҲАР ЯК ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИСТ! ВОКУНИШ. Ба  ҳолати   соати   10:00 -  и  16  сентябри  соли   2022   дар  тамоми  самтҳои  Сарҳади  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  Ҷумҳурии  Қирғизистон муноқишаҳои  мусаллаҳона  идома  дошта,  қувваҳои  низомии  кишвари  ҳамсоя  аз  тамоми  намуди  силоҳҳои  вазнину  оташфишони  дар ихтиёрашон  қарордошта  деҳаҳои   наздисарҳадии   Тоҷикистон,  иншооти  мулкӣ  ва  хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд.                                      

                                                                                                                                                  

                           МОДАРОН ХОСТГОРИ СУЛҲАНД

   Имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки занону модарон вобаста ба  пойдории  сулҳу  осоиши  Ватани  азизамон,  ҳимояи  марзу  буми  кишвар ва  тарбияи  фарзандон  дар  руҳияи  ватандӯстиву  ватанпарасӣ  таҳти унвони "Модарон хостгори сулҳанд" ҳамоиш доир гардид.

   Дар  ҳамоиши  мазкур  занону модарон  аз  ҳодисаҳои  марзии  Қирғизистон  изҳори  нигаронӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳифзу ҳимояти хоки поки аҷдодӣ ва сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон бо қабули МУРОҶИАТНОМА иброз намуданд.                                                                                                                                                                          

 

         

                                                                     ВОРУХ -ЯК ПОРАИ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН

     Ворух   сарзамини   ачдодии   миллати  точик  буда, мардуми мо аз азал то ба  имрўз дар ин хоки муқаддас  зиндагӣ   карда  истодаанд.  Дар   ин  қаламрав  мардуми   тамаддунофару  бофарханг  ва меҳмоннавоз гирд омадаанд, ки ин хоки аҷдодиро ҳифзу ҳимоя карда истодаанд. Тамоми халқиятҳои дунё  барои  ҳифзи  хоки  Ватан мубориза  мебаранд  ва  миллати  тоҷик  низ  барои ҳимояи Ватани хеш мубориза бурда истодаанд.

   ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ АҲЛИ ОСОИШТАИ БАҲСИ САРҲАДИСТ!

   Чӣ тавре, ки АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, “14 сентябри соли 2022, тахминан, соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт.

             Тозаахбор Қӯшунҳои миллӣ душманро ба қафо нишастан маҷбур карданд. Қӯшунҳои миллӣ душманро ба қафо нишастан маҷбур карданд. Онҳо маҳаллаҳоро як ба як озод карда истодаанд. Сарбозони қирғиз на танҳо шикаст мехуранд, балки силоҳу лавозимотҳои ҷангии худро гузошта фирор доранд. Хабари охирине, ки чанд лаҳза пеш расид. чархболҳо парвоз доранд, ин ба хотири бехатарии мардум аст. Аз кулли сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар сокинони шаҳру навоҳӣ хоҳиш мекунем ба хабарҳои сагони хориҷӣ таваҷҷӯҳ накунанд. Мо аз шермандони Ватан мутмаин ҳастем, ки Ватанро аз ҳама нохалафон ҳифз менамоянд. Худо бо мост. Чун мо ба онҳо не, балки онҳо ба мо ҳуҷум карданд. Музаффарият ёратон бод, шермардони баномуси Ватан!                                                                                                                                                       

   ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ КӮЧА ОДОБ МЕОМӮЗАНД

   Сараввал қайд бояд кард, ки идомабахши кори оила ва падару модар кӯдакони дар он хонадон тавлидшуда ва аз онҳо тарбиягирифта мебошанд.

   Рўзи   9  сентиябри   соли  2022 мардуми  ноҳияи   Ҷалолиддини  Балхӣ  дар  Варзишгоҳи  марказии ба номи Уктам Маматович  ноҳия   31-умин   солгарди  Истиқлолияти   давлатии   Ҷумҳурии   Тоҷикистонро   таҷлил   намуданд.

   Дар  Варзишгоҳ ҳунармандон,  дўзандагон,  оҳангарон  ва  намояндагони  ҷамоатҳои   шаҳраку  деҳоти  ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо  маҳсули  кори  худро  ба  марази  тамошо   гузоштанд.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2022    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930