НАВРАСОН ДАР МУСОБИҚАИ ҶУДО ҲУНАРНАМОӢ КАРДАН
Дар доираи барномаи ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 5–6 сентябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба гуштини ҷудо баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия роҳандозӣ шуда, дар он зиёда аз 110 нафар наврасон ширкат варзиданд. Мусобиқа байни дастаҳои муассиса баргузор шуда, варзишгарони солҳои таваллуди 2010–2011 ва 2012–2013 имкони санҷидани маҳорат ва истеъдоди варзишии худро пайдо карданд.
Давоми ду рӯз наврасон дар муҳити дӯстона, вале бо рақобати ҷиддӣ барои ба даст овардани ҷоизаҳо талош намуданд. Бино ба иттилои масъулин, мақсад аз баргузории ин чорабинӣ на танҳо ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, балки арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва тарғиби арзишҳои ватандӯстӣ миёни насли наврас мебошад.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон ва беҳтарин варзишгарон бо Ифтихорнома ва медал аз ҷониби роҳбарияти муассиса қадрдонӣ карда шуданд. Ин иқдом ба гуфтаи ташаббускорон, ҳавасмандии ҷавононро барои ба даст овардани комёбиҳои нави варзишӣ афзун хоҳад кард.