ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ,
ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД
Таърихи 13 марти соли 2025 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид.