ТОҶИКИСТОНРО БО ҲАМ ФАХРИ ОЛАМ МЕКУНЕМ!
Дари ин рӯзҳое, ки тамоми олам ба Тоҷикистон ба кишваре, ки бо табиати биҳиштмонандаш, бо таърихи ҷаҳонгираш, бо тамаддуни пурғановаташ, бо илми оламтаконаш, бо чеҳраҳои зебою мондагори таърихсозаш, бо забони ширину пурэъҷозаш фахри дунё гардидааст, назар меандозанд, бо мардум аз мақому ҷойгузинии кишвар дар арсаи байналмилалӣ сухан гуфтан басо гуворо аст.
Кас мехоҳад ҳисси қалбии худро бо муҳаббат, самимият ва бо тамоми ҳастӣ шодона иброз намояд. Дар суҳбату вохӯриҳо бо аҳли илм, ки дар доираи чорабиниҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмонидадиҳӣ бо усули "МАКТАБ БА МАКТАБ" дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №№ 45, 46, 47 ва 48-и Ҷамоати деҳоти Навоӣ доир карда шуд, сухан аз рушд ва таҳкими давлатдории тоҷикона рафт.
Гумони аниқ бар он буд, ки ҳама дар қалб ва андеша як сухан такрор ба такрор мегуфтанд: "ШУКР, КИ ТОҶИКАМ, Ё ТОҶИКИСТОНИАМ". Ин афкорро дар руҳияи хонандагоне, ки имрӯзҳо дар даври аввали олимпиадаҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ дониши худро баррасӣ намуда истодаанд, ҳис намудан мумкин аст.
Ҳангоми вохӯрию суҳбатҳо сухан аз пайкори созандаю сулҳовари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардида, бикрияти андешаҳо дар бораи эҳтиром ба Ватан, миллат, сулҳу ваҳдат ва арзиши олӣ доштани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ироа шуданд. Ҳамзамон, бо меҳнати содиқона саҳм гузоштан дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавзуъҳои асосии суҳбати рӯз буданд. Шаҳло ШУКУРЗОДА, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ

Рускый
