НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" БА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ИМКОН ФАРОҲАМ МЕОВАРЕМ!
ноябрь 20 2025

БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" БА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ИМКОН ФАРОҲАМ МЕОВАРЕМ!

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 10:03 --- 4

       БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" БА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ИМКОН ФАРОҲАМ МЕОВАРЕМ!

            Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки "Бузургтарин сарват, қиматтарин гавҳар ва азизтарин неъмат барои ман халқи Тоҷикистони маҳбубам, обу хоки Ватани биҳиштосоям ва иззату обрӯи давлати соҳибихтиёру озодам дар байни ҷомеаи ҷаҳон мебошад!" Дар ҳақиқат имрӯзҳо иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоистае касб кардааст.

 Ин эътибору обрӯи ҳар як фарди дилогоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо меҳнати содиқонаи мардум зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат гирд оварда шудааст. Ин суханон маҳаки асосии вохӯриҳои идеологӣ ва тағиботию фаҳмонидадиҳӣ бо усули "МАКТАБ БА МАКТАБ" дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 1, 10 ва Гимназияи давлатии рақами 1-и Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ роҳандозӣ гардид.

Дар ин радиф қайд гардид, ки ҳисси худогоҳии миллиро дар ниҳоди ҳар як фард аз кӯдакию наврасӣ бояд тақвият бахшид. Дар ин роҳ ҷалби бештари насли наврас ва аҳли ҷомеа ба китобхонӣ мақоми хос дорад, ки бо эълон гардидани "Соли 2025 - соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон" боз ҳам густурдатар гардида истодааст. Дар ин бора намояндагони соҳаи маориф бо ифтихор заҳмати хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимии № 10-ро қайд намуданд, ки ҳамасола дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" иштирок намуда, бо ғолибияташон эътибори худу мактаб ва ноҳияро баланд мебардоранд.

Аҳли зиёи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат саҳмгузории худро ироа карданд. Шаҳло ШУКУРЗОДА, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 20 ноябрь 2025 10:03
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 4
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Маориф
ВОХӮРИҲОИ МУФИД ОИД БА

ВОХ Ӯ РИ Ҳ ОИ МУФИД ОИД БА ПЕШГИРИИ Ҷ АВОНОН АЗ ГУР ӮҲҲ ОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ Тибқи нақшаи кории Мақомоти

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930