КУМАК ВА ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ САРБОЗОН
22 феврали соли 2025, дар арафаи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои сарбозон ва ҷашнгирии ин рӯз, дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо иштироки муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар масъулин чорабинии идона дар Дидбонгоҳи сарҳадии Қалъаи Файзободи Қисми ҳарбии 0306 РҚС КДАМ дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид.