-->
 

 СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ

 Санаи 12 октябри соли 2022 дар муассисаи давлатии Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Табодули таҷриба, баланд бардоштани савияи дониши тахассусӣ ва муаррифии бозёфту нигораҳои таърихӣ» бо иштироки директорони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Сараввал гурӯҳи корӣ аз Мақбараи рамзӣ ва Хона-музейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуданд, ки аз ин ғизои маънавӣ бардоштанд. Кормандони Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба меҳмонон дар бораи зисту зиндагии Мавлоно маълумотҳои мушаххас доданд. Инчунин директори Осорхона Латифзода Насиба дар семинари омӯзишӣ суханронӣ намуда, меҳмононро барои ташриф овардан ба ноҳия хайрамақдам гуфт. Сафарзода Гулистон-директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи "Авасто" дар Семинар-машварат суханронӣ намуда, ин ҳама ободкорию созандагиро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фоли нек дониста, онро самараи Истиқлолият арзёбӣ намуд.

 

 

НАТИҶАГИРӢАЗТАРАҚҚИЁТИСОҲАҲОИИҚТИСОДИЁТВАИҶТИМОИЁТ

    Рӯзи 10-уми октябри соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҷамъбасти тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2022 таҳти раёсати раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло баргузор гардид. Дар маҷлиси болозикр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Ризвонзода Фирдавс ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Амирбеки Темур иштирок ва суханронӣ намуданд. 

   Таҷлили "Рӯзифалак" дар бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ... 10.10.2022

ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ДАЛЕРИЮ ШУҶОАТАСТ

    Хизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст, аммо на ҳар кас ба Ватани худ содиқона хидмат мекунад. Хидмат ба Ватану халқ қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат аст. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозонаш мефахрад, зеро на ҳар кас сарбоз шуда метавонад. Набояд фаромӯш кард, ки ба сарбоз 3 чизи аз ҳама муқаддасро бовар кардаанд: Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан, Модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан ва ҳамчунин пойдор намудани сулҳ дар ҷаҳон. Бале, ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагӣ, Ваҳдат ва Истиқлол расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд дарк намуда, дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд. Маврид ба зикри хос аст, ки ҳамасола дар қатори дигар ҷавонони шуҷои Ватан, ҷавонони боору номуси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо сарбаландӣ ва азму иродаи қавӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат мебанданд.

ҲИФЗУ  ҲИМОЯИ  ВАТАН  ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД  АСТ !

    Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара мефармояд: «Худованд аз ҳад таљовузкоронро дӯст намедорад» - касеро, ки Худованд дӯст надорад, ӯ аз рањмати Худованд бенасиб ва ноком мешавад. Ва ҳамеша мавриди таъну маломат ва лаънати мардум қарор мегирад. Ва дар қисми ояти 1-уми сураи Моида мефармояд: «Эй муъминон, вафо кунед бо ањдњое, ки бастаед байни Худо ва байни мардум».

                     ЗАНИ ДАР СУҲБАТИ СОҲИБДИЛУ НЕКНОМ

   Арҷгузории баланд ба Зан-Модари тоҷик бе замина нест, зеро ӯст, ки бузургону нобиғагони зиёдро ба олам додааст, яъне саҳми бузурге дар тарбияту камолоти онҳо ва бад-ин васила дар маънавиёти башар гузоштааст. Меҳмонгул Гулмуродова яке аз занҳои поксиришт, поктинат ва соҳибэҳтиром дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Номбурда 10 феврали соли 1940 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1954 дар синни        14 - солагиаш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  меоянд. Бояд  гуфт,  ки  холаи  Меҳмонгул  8  фарзанд,      4 писар ва 4 духтарро ба дунё оварда, онҳоро бо меҳнати ҳалол, шабҳои бехобӣ ва дуову каломи нек ба камол расонидааст, ки имрӯзҳо фарзандонашон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намуда истодаанд. Рӯзи 5 октябри соли равон муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат ва мудири шуъбаи маориф Ҳакимзода Хайрулло ба аёдати ин зани собиқадори меҳнат -холаи Меҳмонгул Гулмуродова рафта, бо ин зани соҳибдил ҳамсуҳбат шуданд. Холаи Меҳмонгул аз рӯзгори неки гузаштаи хеш қиссаҳои аҷиб нақл намуда, аз ҷумла барои эҳтироми зан-Модар чунин ибрози андеша намуд: «Модар бузургу муқаддас аст, дуои неки ӯ инсонро аз ҳамаи баду бало нигаҳбон мешавад, ба кас қувваю илҳом мебахшад ва ба сӯи корномаҳои бузург раҳнамун месозад. Ҳатто гармии офтоб ба ҳарорати сӯзони қалбу муҳаббати модар нисбат ба фарзанд баробар шуда наметавонад. Бино бар ин, ҳамеша ба модарони худ арҷ гузоред, эҳтироми онҳро ба ҷо оваред, то баъди сари онҳоро пушаймон нашавед».

 

 

 

 ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ!

   Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Ҳамасола 5-уми октябр дар мамлакат "Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯзи фархунда дар толори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат, мудири шуъбаи маориф Ҳакимзода Хайрулло ва омӯзгорону хонандагон Конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Забон-ҳастии миллат" баргузор гардид. 

 ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи 30-юми сентябри соли 2022 дар толори Мактаби байналмилалии Президентӣ бахшида ба 815-солагии шоир ва мутафаккири адабиёти тоҷику форс- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мавлоно нобиғаи машриқзамин» баргузор гардид. 

70 НАФАР ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ САФАРБАР КАРДА ШУД

    Моҳҳои октябр-ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонписароне, ки то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандни синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Санаи 1 октябри соли 2022 дар рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. 

         Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

   Санаи 30 сентябр Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхист.  Шоире, ки бо гусазшти солҳо меҳраш ба қалби ҳамагон шӯъла мепошад ва ҳамасола беш аз соле қабл дар борааш мегӯянду менависанд. Ҷалолиддини Румӣ осори бое дар ганчинаи маданияти умумиҷаҳонӣ боқӣ гузоштааст. Вай мутафаккири бузурги замонаш буда, ки дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назарявӣ хизмати бузурге дошт.

   Мероси адабии Мавлоно Балхӣ хеле пурсарват ва рангоранг мебошад. Он аз ҷиҳати нави сухан назму насро ташкил медиҳад. Дар арсаи суханварӣ  ҳамчун худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Ӯ инсонро бузургтарин муҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқу ҳамбастагии онҳоро тарғиб менамуд.Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқи ба ақидаи Мавлоно қодир аст, заминро ба осмон хешу табор гардонад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шоир мутафаккири бузурги асри XIII – и   форсу тоҷик соли 1207 дар Бал таваллуд шуда, дар ҷимодиюлохири соли 672 – и ҳиҷри дар Қуния чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Октябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 

Серхонанда