НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » БОНУИ ПУРҲУНАР - БАРАКАТОВАРИ ХОНАДОН.
апрель 30 2024

БОНУИ ПУРҲУНАР - БАРАКАТОВАРИ ХОНАДОН.

      Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад, ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд, вале фарди беҳунар дар ҳама маврид хору залил аст. Ахмедова Ҷонона Муҳаммадзокировна зодаи деҳаи Ленингради Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, санаи 26 июли соли 2000-ум дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 2018 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-ро хатм намуда, худи ҳамон сол донишҷӯи факултети тиббӣ-техникӣ (ихтисоси технология)-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардида, онро соли 2022 хатм кардааст. Фаъолияти нахустини кориро дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ ҳамчун омӯзгор ва роҳбари маҳфили «Дастони моҳир» оғоз бахшида, то инҷониб кору фаъолият намуда истодааст. Мавсуф соли 2017 гранти «Навовари беҳтарин»-ро сазовор гардида, соли 2021 дар озмуни «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки фаъолонаи худ ҷойи сеюмро ишғол намудааст. Инчунин дар соли 2024 дар озмуни «Беҳтарин роҳбари маҳфил» дар даври вилоятӣ қувваозмоӣ намуда, бо гирифтани ҷойи якум ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст. Оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошад. Зимни суҳбат бо Ҷонона Ахмедова маълум гардид, ки аз нигоҳи ӯ ҳунарҳои дастӣ дар ташаккули инсон завқи бадеиро бартарӣ бахшида, таҳаммулу тоқатпазириро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро боз ҳам зебою пок мегардонад. Яъне, ӯ аз хурдсолӣ ба ҳунарҳои мардумӣ шавқу ҳавас дошта, аз ҷумла, дӯхтани куртаҳои миллӣ, гулдузӣ, чакан, тоқӣ, куртаҳои арӯсӣ ва сохтани гулҳои сунъии коғазин, меваҷотҳои сунъӣ, сувенирҳо, макет ва ҳамзамон рассомиро меписандад. «Ҳунарманди асил бо ҳунари волоии худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дар ин ҷода банда устоди аввалини хеш модарамро мешуморам, ки нозукиҳои ҳунармандиро бароям омӯзонданд. Ӯ худ омӯзгор буданд ва дар вақтҳои бекориашон ба ҳунарҳои мардумӣ машғул мешуданд. Ман аз хурдӣ ба корҳояшон зеҳн монда, ҳунарҳои волояшонро аз худ кардам.

 Инчунин гулдӯзӣ ва асбобҳое, ки ман бо дастони худам медӯзаму месозам, имрӯз дар боғча ва бозорҳо ба намоиш-фурӯш гузошта мешаванд ва ман аз маҳсули дасти худ мефахрам», - иброз намуд Ҷонона Ахмедова. Имрӯзҳо ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, аз нав эҳё гардидаанд. Аз ин рӯ, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд. Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқамандии бузург доранд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандони халқӣ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад. Ин бонуи кордону ҳунарманд шогирдони зиёдеро аз синни 8 то 18 сола ба омӯзиши ҳунари худ ҷалб намуда, ҳамеша пайи ҷустуҷӯи навовариҳо мебошад ва ҳамарӯза кӯшиш намуда истодааст, ки ба муштариёни худ кӯмак намуда, онҳоро бо рӯҳбаландӣ қаноатманд намояд, то ки азми рафтан ба дигар коргоҳу корхонаҳои дӯзандагии берун аз ноҳияро пеш наоранд. Дар баробари ин Ҷонона Ахмедова бо ҳунару истеъдоди баландаш ба буҷаи оилааш низ манфиат оварда, рушди онро тақвият мебахшад. Хулоса, бонуи ҳунарманд баракатовари хонадон аст. Парвина ИСМАТОВА

 

 

 

 

 

 

 

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
12 июль 2023
Асосӣ / Маориф
МАВҚЕЪ ВА ФАЪОЛИЯТИ

МАВҚЕЪ ВА ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ МУАРРИФНОМА Шукурова Шаҳло Тағойхоновна 9 апрели соли

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
21 июль 2023
Асосӣ / Тандурустӣ
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023 Санаи 18 июли соли 2023 дар толори Мақомоти

Маълумоти бештар
27 декабрь 2023
Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
МАҲСУЛОТИ ШИРИИ «ПАНИРИ

МАҲСУЛОТИ ШИРИИ «ПАНИРИ БАЛХ» ЛАЗЗАТБАХШ АСТ Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо, таъмини сокинони кишвар бо

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда