Дар ҳошияи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилояти Хатлон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, тибқи нақшаи чорабиниҳоиКитобхонаи марказии ноҳияи Љалолиддини Балхїчанде пеш дар толори хониши китобхонаи бачагона бо иштироки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия сабқати китобхонӣ дар мавзуи “Кӣ бурро мехонад?” гузаронида шуд.
Китобхонаи марказии ноҳия вобаста ба эълон гардидани соли 2025 “Соли фарҳанги китобхонӣ” нақшаи чорабиниҳои худро тасдиқ намуда, ҳар ҳафта бо иштироки кормандони китобхонаи марказӣ, бачагона ва китобхонаҳои деҳотӣ корҳҳои назаррас анҷом медиҳад.
Бо ин раванд санаи 14-уми январи соли ҷорӣ низ миёнаи 30 нафар хонандагон дар мавзӯи “Китоб - хазинаи тамаддуни инсонӣ” маҳфил баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки китобхонаҳо бо тақозои вазифае, ки ба ӯҳда доранд, бояд баҳри баланд бардоштани маънавиёту дониш, ташаккули ҳисси худшиносию ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор дода, тавассути захираи китобӣ ва чорабиниҳои гуногуни оммавӣ дар тарғибу дастраси умум гардонидани дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ, мероси баландғояю гаронбаҳои адабӣ, илмӣ, таърихӣ, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ саҳми худро гузоранд.
Чунин суҳбату сабқатҳо ва маҳфилҳо дар китобхона-филиалҳои №№5,28,32,35 низ ташкил ва гузаронида шуд.