НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ФУТБОЛБОЗДУХАРОНИ НОҲИЯ САЗОВОРИ ДИПЛОМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ГАРДИДАНД
апрель 17 2025

ФУТБОЛБОЗДУХАРОНИ НОҲИЯ САЗОВОРИ ДИПЛОМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ГАРДИДАНД

          ФУТБОЛБОЗДУХАРОНИ НОҲИЯ САЗОВОРИ ДИПЛОМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ГАРДИДАНД

14 апрели соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими бошукӯҳи қадрдонии варзишгарони ҷавон ва фаъолони бахши ҷавонон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, роҳбарони ҳамаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, варзишгарони фаъоли ноҳия ва намояндагони бахшҳои мухталифи ҷомеа иштирок доштанд.

Маросим бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳия оғоз ёфт, ки дар он Холикзода Рустам Ҳикматулло саҳми ҷавонон ва варзишгаронро дар боло бурдани обрӯи ноҳия ва муаррифии қобилияти баланди насли наврас дар сатҳи ҷумҳурӣ баланд арзёбӣ намуданд. Ӯ зикр кард, ки дастгирии ҷавонон ва рушди варзиш аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии роҳбарияти ноҳия мебошад.

Дар ин рӯз ба дастаи духтарони футболбоз, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявии футзали байни духтарон иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардида буданд, бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд. Ин дастоварди муҳими духтарони варзишгар нишон медиҳад, ки варзиши занон дар ноҳия дар ҳоли рушд қарор дорад ва дастгирии мунтазамро тақозо мекунад.

Ҳамзамон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Исматзода Саидшоҳ барои фаъолиятҳои назаррас ва саҳми арзандааш дар рушди сиёсати давлатии ҷавонон, сазовори Диплом гардид. Ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин бахши кор бо ҷавонон дар соли 2024" ҷойи намоёнро ишғол намуда, нишон дод, ки ташаббусҳои амалӣ ва барномаҳои татбиқнамудаи ин бахш натиҷаи босамар доранд.

Инчунин, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” низ бо Сипосномаҳои ифтихорӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ин озмун бо ҳадафи баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги хонавода ва саҳми онҳо дар рушду шукуфоии ҷомеа баргузор гардида буд. Чорабиниро фазои тантанавӣ, руҳияи баланди ҷавонон ва муҳити самимият фаро гирифта буд. Ин гуна маросимҳо на танҳо ба қадрдонии заҳмати ҷавонон равона шудаанд, балки ҳамчун ангеза барои рушди минбаъдаи истеъдодҳо ва фаъолияти ташаббускорона хидмат мекунанд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 17 апрель 2025 13:48
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 44
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 декабрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ

ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30