НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » НАВРӮЗ БО НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ ВА ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ТАҶАССУМ ЁФТ
апрель 28 2025

НАВРӮЗ БО НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ ВА ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ТАҶАССУМ ЁФТ

                    НАВРӮЗ БО НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ ВА ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ТАҶАССУМ ЁФТ

   Рӯзи 26 апрели соли 2025 дар Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор шуд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар масъулини иштирок намуда, ҷараёни баргузории ҷашнро назорат ва дастгирӣ намуданд.

 Дар саҳни намоишгоҳ гӯшаҳои гуногун бо анвои сершумори таомҳои миллӣ, аз ҷумла суманак, оши бурида, Ҳафтсин ва Ҳафтшин, сабзавот ва меваҷоти гуногун оро ёфта буданд. Ҳунармандону ошпазони маҳаллӣ беҳтарин маҳсули дастони ҳунарии худро пешниҳоди меҳмонон ва ҳозирон гардонида, гӯшаҳои намоиширо ба як намуди идона ва пуршукӯҳ табдил доданд. Дар ҷараёни боздид роҳбарияти ноҳия бо ҳунармандон ва намояндагони касбу ҳунарҳои мардумӣ суҳбатҳои гарму самимӣ анҷом дода, саҳми онҳоро дар ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои суннатӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Сипас, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ суханронӣ намуда, аз номи раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло сокинони ҷамоатро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик гуфта, аз нақши ин ҷашни бостонӣ дар таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуд.

Дар доираи чорабинӣ, шаш нафар ҷавонписароне, ки хизмати ҳарбиро бо сарбаландӣ анҷом додаанд, бо Сипосномаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдонӣ гардиданд. Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ҷавонмардӣ ва ватандӯстии насли ҷавон қабул шуд. Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо ҳузури сарояндаи шинохта Ҷанатулло Абдуллоев, суруду рақси миллӣ ва барномаҳои шавқовари шодӣ ғанӣ гардонида шуда, рӯҳу илҳоми идонаи иштирокдоронро боз ҳам бештар афзуд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 28 апрель 2025 08:39
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 7
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930