ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ЗИНДА АСТ, ТО ВАҚТЕ ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ
Бо мақсади зинда нигоҳ доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ, тарғиби либоси миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву зебоипарастии бонувон, 22 апрели соли 2025 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аксияи фарҳангии "Тоҷикона мепӯшем" баргузор гардид.
Ин чорабинии назаррас бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳандозӣ шуда, теъдоди зиёди духтарону занони фаъолро гирди ҳам овард. Дар доираи ин иқдом иштирокчиён бо либосҳои анъанавии тоҷикӣ ҳусну зебоии фарҳанги миллиро намоиш доданд.
Ин ташаббус на танҳо як падидаи фарҳангӣ, балки як навъ даъват ба ҳифзи ҳувияти миллӣ ва мубориза бар зидди таъсири фарҳангҳои бегона ба шумор меравад. Таъкид шуд, ки либоси миллӣ на танҳо як ҷузъи зебоии зоҳирӣ, балки рамзи таърих, ҳунар ва асолати тоҷикон аст. Он аз насл ба насл ҳамчун мероси гаронбаҳо интиқол ёфта, то ба имрӯз ҷаззобияти худро гум накардааст.
Иштирокчиён бо ифтихор зикр карданд, ки дар солҳои охир таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, адрасу атласбофӣ ва тарғиби васеи либосҳои миллӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳукумати кишвар барои дастгирии занони ҳунарманд шароити мусоид фароҳам оварда, ҷиҳати рушди саноати сабук ва тарбияи зебоипарастӣ миёни насли ҷавон пайваста талош меварзад. Гуфта шуд, ки нақши занону модарони тоҷик дар посдории арзишҳои миллӣ басо калидӣ аст. Онҳо ҳамчун тарбиятгарони наслҳои оянда масъулияти бузурге дар нигоҳдошти анъанаҳо ва мероси фарҳангӣ бар дӯш доранд.
Чорабинии "Тоҷикона мепӯшем" намунаи равшани он аст, ки миллате бо фарҳанги ғанӣ ва ифтихори миллӣ метавонад дар шароити ҷаҳонишавӣ арзишҳои миллиро ҳифз намояд ва ба ҷаҳониён рӯнамо кунад.