ТАЪКИД БА ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ВА МУБОРИЗА БО ХАТАРҲОИ ИДЕОЛОГӢ
Рӯзи 30 апрели соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мирзозода Нусратулло Неъмат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Дар ифтитоҳи вохӯрӣ раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло меҳмононро истиқбол намуда, аҳамияти чунин мулоқотҳоро дар таҳкими амнияту суботи иҷтимоӣ ва маърифати шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, баромадкунандагон ба мавзӯъҳои муҳими тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулияти волидайн дар равандҳои таълиму тарбия, тақвияти худшиносӣ ва муқовимат ба идеологияҳои ифротӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Гуфта шуд, ки ояндаи ҷомеа ва рушди устувори давлат мустақиман аз тарбияи солими насли наврас вобаста аст.
Аз ин рӯ, волидайн вазифадоранд, ки ҳамеша зиракии сиёсиро нигоҳ дошта, дар ташаккули шахсияти фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Таълим ва тарбияи дуруст бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як оила қарор дошта бошад. Сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мирзозода Нусратулло Неъмат таъкид намуд, ки хатарҳои идеологии муосир, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷомеаро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ месозанд.
Ҷумҳурӣ барои муқовимат ба чунин таҳдидҳо як қатор санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқиро қабул кардааст, ки дар асоси онҳо мақомоти давлатӣ ва ҷомеа вазифадоранд бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мубориза баранд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки фаъолияти ҳизбҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бояд мутобиқ ба қонунгузории кишвар сурат гирад ва ҳама гуна кӯшиши ғасби ҳокимият ва ё барангехтани бесуботӣ қатъиян манъ аст.
Ин арзишҳо бо меъёрҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг буда, ба таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд мусоидат мекунанд. Дар анҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки танҳо бо саъйи муштараки тамоми қишрҳои ҷомеа - аз ҷумла омӯзгорон, падару модарон ва ходимони дин, метавон насли наврасро аз таҳдидҳои ахлоқиву идеологӣ эмин нигоҳ дошт ва ҷомеаи солиму пешрафта бунёд кард.