НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » "ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ" - БОЗГАШТ БА РЕШАҲОИ ФАРҲАНГӢ
май 06 2025

"ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ" - БОЗГАШТ БА РЕШАҲОИ ФАРҲАНГӢ

                                 "ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ" - БОЗГАШТ БА РЕШАҲОИ ФАРҲАНГӢ

   Рӯзи 3 майи соли 2025, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангии пуршукӯҳ таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардид, ки ҳадафи он тарғиб ва эҳёи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либоси суннатии тоҷикон, ба ҳисоб меравад.

 Ин иқдоми фарҳангӣ бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор шуда, бонувони фаъол, духтарони ҳунарманд ва дӯстдорони фарҳанги миллӣ дар он саҳми арзанда гузоштанд.

Дар фазои рангоранг ва идона, иштирокчиён бо бардоштани намунаҳои гуногуни либоси анъанавии тоҷикӣ ба саҳна омаданд, ки ҳар кадоме рамзи як гӯшаи фарҳанги ғании миллати тоҷик буд. Либосҳои миллии пешниҳодшуда, ки аз атласу адрас, чакан ва гулдӯзиҳои маҳаллӣ иборат буданд, дар баробари зебоии зоҳирӣ, аз муҳтавои фарҳангӣ ва таърихи қадимаи миллати тоҷик ҳикоят мекарданд.

Ҳамзамон, тавассути ин чорабинӣ масъулон талош карданд то таваҷҷуҳи ҷомеа, бахусус ҷавононро ба риояи ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ ҷалб намоянд. Ба гуфтаи масъулони бахши кор бо занон, чунин иқдомҳо на танҳо зебоии зоҳирии либоси тоҷикӣ, балки тарзи зиндагии мардумиро дар худ таҷассум мекунанд.

Онҳо бар ин назаранд, ки либоси миллӣ на танҳо василаи пӯшиш, балки як рукни муҳими маънавият ва худшиносии миллӣ мебошад. Чорабинии “Тоҷикона мепӯшем” боз як қадами устувор дар роҳи посдории суннатҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ миёни занону духтарон арзёбӣ гардид.

Иштироки фаъоли табақаҳои гуногуни ҷомеа дар чунин барномаҳо далели равшани эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллат маҳсуб мешавад.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 06 май 2025 13:59
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 73
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30