НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » 80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА: ҶАВОНОН БО ТАЪРИХИ ҶАНГ ВА ҚАҲРАМОНИҲО ОШНО ШУДАНД
май 08 2025

80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА: ҶАВОНОН БО ТАЪРИХИ ҶАНГ ВА ҚАҲРАМОНИҲО ОШНО ШУДАНД

            80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА: ҶАВОНОН БО ТАЪРИХИ ҶАНГ ВА ҚАҲРАМОНИҲО ОШНО ШУДАНД

   Бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва сазовор таҷлил намудани 80-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм, аз 1 то 9 майи соли 2025 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ “Ҳафтаи поси хотир” эълон гардид. Ин иқдом тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия амалӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва бедор кардани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар миёни насли ҷавон мебошад.

Дар доираи чорабиниҳо рӯзи 5 май аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия боздид намуданд. Дар рафти ин боздид ҷавонон бо асноду маводи таърихӣ, аксу санадҳо, ёдгориҳо ва ашёи шахсии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ шинос шуданд.

Зимни суҳбат бо ҷавонон, масъулини Осорхона ва намояндагони Кумитаи иҷроия аз набардҳои шадид ва фоҷиабори ҷанг, саҳми фарзандони барӯманди миллати тоҷик дар таъмини ғалаба бар фашизм, ҷоннисориҳои онҳо дар роҳи ҳимояи сулҳу озодӣ ва муҳаббат ба Ватан сухан карданд. Масъулин таъкид намуданд, ки набояд қаҳрамониҳои гузаштагон фаромӯш шаванд ва ҷавонон бояд таърихи пурифтихори халқи худро хуб донанд. Онҳо қайд карданд, ки ҳифзи сулҳу субот ва ободонии кишвар имрӯз бар дӯши ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаву ояндасоз вогузор гардидааст.

Ин чорабинӣ, ки дар фазои эҳтирому арҷгузорӣ ба таърихи миллӣ баргузор гардид, дар қалби ҷавонон ҳисси ифтихор аз миллат ва руҳияи ватандӯстиро боз ҳам боло бурд. Чунин ташаббусҳо намунаи ибрат ва шоҳиди равшани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва гиромидошти арзишҳои таърихии халқи тоҷик мебошанд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 08 май 2025 13:43
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 267
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
12 июль 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30