НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ЭҲТИРОМ БА НАСЛИ ҶОННИСОРИ ҶАНГ: ҚАДРДОНИИ ЯГОНА ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР НОҲИЯ
май 10 2025

ЭҲТИРОМ БА НАСЛИ ҶОННИСОРИ ҶАНГ: ҚАДРДОНИИ ЯГОНА ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР НОҲИЯ

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 08:55 --- 8

    ЭҲТИРОМ БА НАСЛИ ҶОННИСОРИ ҶАНГ: ҚАДРДОНИИ ЯГОНА ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР НОҲИЯ

   Ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки ҳамасола 9 май таҷлил мегардад, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иқдоми арзандаи қадрдонӣ аз пирони ҷанг сурат гирифт. Дар ин минтақа, феълан танҳо як нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт аст - Машраб Давлатов, ки умри бобаракати ӯ ба 99 расидааст.

Субҳи рӯзи 7 майи соли 2025 намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ноҳия сафари корӣ анҷом дода, ҳамроҳ бо раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба манзили Машраб Давлатов рафта, бо ҳолу аҳволи ӯ шинос шуданд.

Дар доираи ин мулоқот, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пирони ҷанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, туҳфаи пулии худро ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ба ин иштирокчии наҷиби ҷанг фиристоданд. Ҳамзамон ӯро бо медали 80-солагии "Рӯзи Ғалаба" қадрдонӣ намуданд. Инчунин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Машраб Давлатов 10 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 5 ҳазор сомонӣ туҳфаи пулӣ тақдим карда шуд. Машраб Давлатов зимни суҳбат бо меҳмонон ва дарёфти туҳфаҳо, аз таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, бо самимият дуои нек барои сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистон карданд.

Ӯ саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пойдории амният ва суботи кишвар хеле арзишманд шуморид ва аз ёдоварӣ ва қадрдонии хизматҳои гузаштаи худ ифтихор намуд. Ин иқдоми инсондӯстона бори дигар собит месозад, ки арҷгузорӣ ба қаҳрамонони Ватан на танҳо вазифа, балки нишони маданият ва вафодорӣ ба таърихи миллат аст.


Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 10 май 2025 08:55
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 8
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
22 апрель 2024
Асосӣ / Маориф
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2024 Имрӯз, 19 апрел дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Май 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031