ФИРЕБИ ТАБЛИҒОТИ ДУШМАНОН: ҶАВОНОН БОЯД ЗИРАК БОШАНД
Ҷомеаи муосир бо таҳдиду хатарҳои навини сиёсӣ, иттилоотӣ ва мафкуравӣ рӯ ба рӯ аст. Дар чунин шароит, зарурати ҳифзи суботи миллӣ ва ваҳдати ҷомеа беш аз пеш афзоиш меёбад. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид гардидааст, имрӯз намунаи давлатдории устувор ва орому осуда дар минтақа ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, бо вуҷуди комёбиҳои назаррас, ҳанӯз ҳам афроде пайдо мешаванд, ки барои манфиатҳои гурӯҳҳои хориҷӣ, ҳадафҳои сиёсии нопок ва хиёнаткоронаи худро пушти шиорҳои “озодӣ” ва “адолат” пинҳон мекунанд. Яке аз чунин ашхос Шарофиддин Гадоев аст, ки бо рафтору суханони зиддимиллиаш мавриди нафрати ҷомеа қарор гирифтааст.
Ӯ дар чанд рӯзи охир бо изҳоротҳои пур аз таҳрифу таҳқир дар бархе расонаҳои хориҷӣ, махсусан дар қаламрави ҳамсоякишвари Афғонистон, кӯшиш дорад, ки ба фазои орому босуботи Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад. Гузашта аз ин, ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнуъ ва тундгаро, ки амният ва оромии миллиро зери хатар мегузоранд, нишон медиҳад, ки Гадоев комилан аз арзишҳои миллӣ ва ҳисси ватандорӣ дур мондааст.
Суханони ӯ, ки пур аз бӯҳтон ва туҳмат алайҳи роҳбарияти кишвар ва мардуми тоҷиканд, на танҳо беасосанд, балки кӯшиши ошкор барои барҳам задани ҳамдилӣ ва якпорчагии ҷомеа мебошанд. Хушбахтона, ҷомеаи мо имрӯз зирак аст. Ҷавонон, ки неруи созандаи миллатанд, фиреби таблиғоти хоинонро нахоҳанд хӯрд ва барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамеша омодаанд. Мо медонем, ки ҳеҷ давлате бе субот ва иттифоқ рушд намекунад.
Аз ин рӯ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, бахусус қишри фаъолу огоҳ, ба монанди ҷавонон ва зиёиён, бояд пешсафи мубориза бо андешаҳои ифротӣ ва хиёнаткорона бошанд. Мо қатъиян ҳар гуна талоши бесубот кардани кишварро маҳкум мекунем ва бовар дорем, ки амалҳои зиддимиллие чун рафтори Шарофиддин Гадоев ҳаргиз мавқеъ намегирад. Мардум хуб медонанд, ки кӣ барои миллат заҳмат кашидааст ва кӣ ба номи муқаддаси Ватан хиёнат кардааст. Тоҷикистон - хонаи умеду орзуҳои мост.
Мо ҳаргиз иҷозат нахоҳем дод, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ё ашхоси роҳгумзада ин манзили умедро ба майдони бесуботӣ табдил диҳанд. Кароматуллоҳ Садиров , узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.