ТАҲКИМИ АМНИЯТИ СӮХТОР: МАШҚИ ТАКТИКӢ-ОТАШНИШОНӢ ДАР НОҲИЯ
Санаи 7 майи соли 2025 дар заминаи Қисми 28-уми Хадамоти ҳарбикунонидаи давлатии оташнишонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, таҳти роҳнамоии Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва роҳбарии майори хизмати дохилӣ Сатторзода Носир Саттор, машқи васеи тактикии оташнишонӣ баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармӣ ва бо мақсади таҳкими сатҳи омодагии ҳайати шахсӣ барои муқовимат бо ҳолатҳои эҳтимолии сӯхтор, бахусус дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, тарҳрезӣ ва амалӣ карда шуд.
Машқ ба хотири иҷрои корҳои пешгирикунанда, баланд бардоштани малакаҳои амалӣ ва санҷиши омодагии ҷузъу томҳои оташнишонӣ барои вокуниш ба вазъиятҳои фавқулодда равона гардид. Зимни баргузории машқ, сенарияи шартии сар задани сӯхтор дар нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ таҳия ва амалӣ карда шуд, ки дар он ҳайати шахсӣ тамоми марҳилаҳои амалиёти саривақтӣ - аз шиносоии вазъият то хомӯшсозии аланга ва эвакуатсияи шаҳрвандонро анҷом доданд.
Қисмҳои гуногун бо истифода аз техникаи махсуси оташнишонӣ, лавозимоти муҳофизатӣ ва дастгоҳҳои алоқа амалиёти муштарак ва ҳамоҳангро ба роҳ монданд. Машқи мазкур на танҳо ба такмил ва санҷиши маҳорати касбии кормандон мусоидат кард, балки ҳамзамон имконият фароҳам овард, то норасоиҳо ва нуқсонҳои эҳтимолии амалиёти фаврӣ дар ҳолатҳои воқеӣ муайян ва ислоҳ карда шаванд.
Масъулин таъкид намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ барои таъмини амнияти сӯхтор дар мавзеъҳои хатарнок, аз ҷумла нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Ҳамзамон, онҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон ва ташкили вокуниши фаврӣ дар ҳолатҳои ғайриинтизор мусоидат менамоянд.
Дар поёни машқ, натиҷаҳо ҷамъбаст ва таҳлил гардида, ба ҳайати шахсӣ тавсияҳои методӣ ва омӯзишӣ дода шуданд. Роҳбарияти қисм ва намояндагони ин ниҳод фаъолияти кормандонро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки таҷрибаҳои андӯхташуда дар фаъолияти минбаъдаи қисм васеъ истифода хоҳанд шуд.