МУАЛЛИМАЕ, КИ ДИЛДОДАИ КАСБИ ХЕШ АСТ
Дар оғози ҳар нури дониш, дар заминаи ҳар як пешрафти инсонӣ, симои поку нуронии омӯзгор таҷассум мегардад. Омӯзгор шахсиятест, ки бо забони ноб ва меҳру азму суботаш дар қалби кӯдакон тухми умеду ормон мекорад ва онҳоро ба олами маърифат раҳнамун месозад.
Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, ки нахустин қадамҳои ҳар шогирдро дар роҳрави дониш роҳбалад мешавад, рисолати азиме бар дӯш дорад. Омӯзгоре, ки умри хешро фидои таълиму тарбияи насли наврас карда аст, Мирзомуддинова Нигина Амрихудоевна мебошад.
Ӯ 10-уми сентябри соли 1967 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, аз хурдӣ бо орзуи омӯзгор шудан ба воя расидааст. Пас аз хатми мактаб-интернати шаҳри Турсунзода, бо вуҷуди мушкилиҳо ва ҷавонии пурпечутоби зиндагӣ, муҳаббат ба дониш ва омӯзгорӣ ӯро водор сохт, ки таҳсили худро идома диҳад.
Бо мақсадаш ноил гардида, соли 2005 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд ва онро соли 2010 бомуваффақият хатм мекунад. Аслан фаъолияти кории худро аз соли 1998 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз намуда, беш аз ду даҳсола аст, ки бо масъулияти баланду муҳаббати бепоён кору фаъолият карда истодааст.
Ӯ ҳам омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва ҳам забони русӣ мебошад. Ба таъбири равшан, Нигина Мирзомуддинова на танҳо муаллим, балки тарбиятгар, роҳнамо ва такягоҳи маънавии шогирдонаш аст. Вақте ки ӯ вориди синф мешавад, муҳити синф бо ҳузури ӯ ба гӯшае аз меҳру эҳтиром табдил меёбад.
Шогирдон бо меҳру шавқ ба дарсҳои ӯ мешитобанд. Омӯзгориро на ҳамчун касб, балки ҳамчун рисолати муқаддас интихоб кардааст. Ӯ ба ҳар хонанда бо меҳрубонии модарона муносибат намуда, мекӯшад ҳар як дили кӯдаки наврасро бо нури дониш гарм намояд. Муаллима модари меҳрубонест, ки бо нигоҳи дилсӯзона, бо суханони умедбахш ва бо қалби пур аз ишқ ба маърифат, шогирдонашро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия мекунад.
Ин ҳама заҳматҳои ӯ, имрӯз дар чеҳраи шогирдони муваффақаш инъикос меёбанд, ки дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа фаъолона кору пайкор доранд. Муаллима Мирзомуддинова намунаи омӯзгори соҳибтаҷриба ва собитқадам мебошад. Ҳамкорон нисбаташ эҳтироми зиёд доранд ва шогирдон низ ӯро чун модармуаллимаи меҳрубон дар мактаб мешиносанд. Дар дили ҳар як шогирди наврас, дар ҳар як дафтари навиштаашон, эҳсоси гарму самимии ин омӯзгор боқӣ мемонад.
Дар ҳар озмуну чорабиние, ки шогирдонаш ширкат меварзанд, асари меҳнати ӯ ҳувайдо аст. Бо дидани комёбиҳои шогирдон чашмонаш аз ифтихор медурахшанд, ашки шодӣ мерезонад, яъне қалбаш аз хушбахтӣ лабрез мегардад.