НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ҚАБУЛИ САЙЁР ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВОБОД: ҚАДАМЕ МУҲИМ БА САМТИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ИҶТИМОӢ
май 20 2025

ҚАБУЛИ САЙЁР ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВОБОД: ҚАДАМЕ МУҲИМ БА САМТИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ИҶТИМОӢ

      ҚАБУЛИ САЙЁР ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВОБОД: ҚАДАМЕ МУҲИМ БА САМТИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ИҶТИМОӢ

       Бо ҳадафи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими робитаи мустақим бо шаҳрвандон ва баррасии мушкилоти мавҷуда, рӯзи 10 майи соли 2025 дар Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Ин иқдом тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳандозӣ шуда, бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ва прокурори ноҳия Собирзода Искандар Миралӣ сурат гирифт. Қабули шаҳрвандон дар толори маҷлисгоҳи ҷамоат баргузор шуда, аҳолӣ бо масъалаҳо ва муроҷиатҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ба роҳбарияти ноҳия рӯ ба рӯ суҳбат намуданд.

Мавзӯъҳои матраҳшуда асосан ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, зарурати сохтмони бунгоҳи тиббӣ, ташкили қуттиҳои партов дар кӯчаҳои ҷамоат, мушкилоти соҳаи андозу кишоварзӣ, танзими истифодаи нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ба инфрасохтор марбут буданд. Раиси ноҳия ба ҳар як муроҷиаткунанда бо таваҷҷуҳи хос гӯш дода, барои баррасии амиқ ва ҳалли мушкилоти пешниҳодшуда, ба масъулини ҷамоат ва роҳбарони сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас ироа намуд.

Холиқзода Рустам Ҳикматулло дар суханронии худ таъкид намуд, ки муроҷиатҳои мардум бояд бо масъулият ва дар муҳлатҳои кӯтоҳ баррасӣ гарданд. Ӯ зикр кард, ки қаноатмандии шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати мақомоти маҳаллӣ ба шумор меравад.

Дар идомаи чорабинӣ, прокурори ноҳия Собирзода Искандар Миралӣ баромад намуда, дар бораи зарурати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла ифротгароиву терроризм, инчунин аҳамияти тарбияи дурусти насли наврас, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, нерӯи барқ ва пешгирии сохтмонҳои худсарона сухан гуфт.

Қабули сайёри шаҳрвандон ба ҳайси василаи муассир дар таҳкими робитаи мардум бо мақомоти иҷроия арзёбӣ шуда, чунин чорабиниҳо ба ҳалли амалии мушкилоти сокинон ва баланд бардоштани сатҳи эътимоди ҷомеа мусоидат менамоянд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 20 май 2025 07:31
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 23
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30