ШАШКА - ПАЙВАНДГАРИ ДӮСТИЮ ҲАМБАСТАГИИ КОРМАНДОН
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, рӯзи 15 майи соли 2025 дар бинои муассисаи таълимии касбинтихобкунии ноҳия мусобиқаи варзишӣ оид ба шашка байни кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он ҷалби бештари шаҳрвандон, бахусус кормандони идораҳо ба тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни онҳо буд. Дар мусобиқа 10 даста аз сохтору муассисаҳои мухталифи давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Шумораи умумии иштирокчиён 50 нафарро ташкил дод. Тибқи муқаррароти низомнома, ҳайати ҳар як даста аз 5 нафар иборат буд: 3 нафар мард ва 2 нафар зан. Мусобиқа бо тартиби даставӣ гузаронида шуда, рақобатҳо дар фазои дӯстона, вале пуршиддат сурат гирифтанд. Баъд аз марҳилаҳои гурӯҳӣ ва даврҳои ниҳоӣ, ғолибони мусобиқа муайян гардиданд: Ҷойи аввал насиби дастаи кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гардид, ки бо маҳорати баланд ва ҳамоҳангии даставӣ тавонистанд натиҷаи хуб нишон диҳанд.
Ҷойи дуюм ба дастаи муттаҳидаи шуъбаи маориф ва мактаби санъати бачагона дода шуд, ки бо зеҳнварзӣ ва усули созанда дар сабқатҳо ширкат варзиданд. Ҷойи сеюм насиби дастаи муассисаи таълимии касбинтихобкунии ноҳия гардид, ки бо ҷасорату устуворӣ то ба финал роҳ ёфтанд. Ғолибон бо Ҷом, Диплом, тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин ба дигар иштирокчиён барои ширкати фаъолона ифтихорномаҳо тақдим гардид. Масъулини баргузории мусобиқа дар суханронии ҷамъбастии худ аз иштироки фаъоли кормандон изҳори миннатдорӣ намуда, чунин чорабиниҳоро муҳими баланд бардоштани рӯҳи варзишӣ ва таҳкими дӯстиву муҳаббат миёни кормандони сохторҳои гуногун номиданд. Мусобиқа бо рӯҳияи баланди варзишӣ ва дар фазои сулҳу субот анҷом ёфт.