НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ДУЗДОНИ ЧОРВО ДАР НОҲИЯ БА ДАСТ АФТОДАНД
май 20 2025

ДУЗДОНИ ЧОРВО ДАР НОҲИЯ БА ДАСТ АФТОДАНД

                                                ДУЗДОНИ ЧОРВО ДАР НОҲИЯ БА ДАСТ АФТОДАНД

      Дар натиҷаи баргузории тадбирҳои оперативӣ - ҷустуҷӯии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ду сокини маҳаллӣ, ки ба дуздии чорвои калони шохдор гумонбар дониста мешаванд, дастгир карда шуданд. Мувофиқи иттилои расмии шуъбачаи тафтишотии ШВКД, шахсони боздоштшуда Атоев Шамсиддин, соли таваллудаш 1980 ва Ҳакимов Ҳалим, соли таваллудаш 1983 буда, ҳарду сокинони ҳамин ноҳия мебошанд.

Тафтишот нишон дод, ки ин афрод қаблан бо маслиҳати пешакӣ нақшаи дуздии чорворо таҳия намуда, онро асосан дар вақти шабона, дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар ҳолати набудани назорат аз ҷониби сокинон амалӣ мекарданд.

Манбаъ меафзояд, ки чорвои дуздидашударо онҳо ба минтақаҳои дигар бурда, ба фурӯш мебаровардаанд. Ба ҳисоби пешакии мақомот, аз ин амали ҷиноятии онҳо ба чандин шаҳрванд зарари ҷиддии молиявӣ расонида шудааст, ки маблағи умумии он 117 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Баъди анҷоми марҳалаи аввалияи тафтишот маълум гардидааст, ки Шамсиддин Атоев дар шаш ҳолати дуздӣ ва ҳамроҳи ӯ - Ҳалим Ҳакимов дар ду ҳолати ҷудогонаи дуздии чорво даст доранд. Ҳодисаҳои мазкур дар қаламрави ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Дустӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар асоси маводи ҷамъовардашуда нисбати шахсони гумонбаршуда бо моддаи 244 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дуздӣ дар ҳаҷми калон ё бо гурӯҳ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан таҳқиқи амиқи қазия идома дорад. Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки чунин амалҳои ҷиноятӣ на танҳо ба иқтисоди оилавии сокинон таъсири манфӣ мерасонад, балки боиси ноамнии иҷтимоӣ низ мегардад.

Дар ҳамин замина, кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шаҳрвандонро даъват менамоянд, ки нисбати молу мулки худ бештар эҳтиёткор бошанд ва дар сурати мушоҳидаи ҳаракатҳои шубҳанок ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сари вақт муроҷиат намоянд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 20 май 2025 08:06
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 24
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30