НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ОИЛА МУҚАДДАС АСТ, ЗӮРОВАРИРО НАМЕПАЗИРАД!
май 20 2025

ОИЛА МУҚАДДАС АСТ, ЗӮРОВАРИРО НАМЕПАЗИРАД!

                                           ОИЛА МУҚАДДАС АСТ, ЗӮРОВАРИРО НАМЕПАЗИРАД!

      Оила даргоҳи муқаддас ва мактаби одамият аст. Муқаддас донистани оила ва ба он арҷ гузошатан вазифаи ҷонии ҳар як узви оила ба ҳисоб меравад. Осудагиву солимии ҷамъият низ аз солимии оила вобаста буда, барои ҳамин ҳам оиларо ячейкаи асосӣ, асоси пешрафту тараққиёти давлатамон медонанд. Дар адабиёти ҳуқуқӣ мафҳуми оила чунин ифода ёфтааст: Оила - иттифоқи озодона, ихтиёрона ва баробарҳуқуқии зану шавҳар, ки баъди бастани ақди никоҳ ба миён омада, ҳуқуқ, вазифаҳои никоҳӣ, хешу таборӣ, ба фарзанди қабул кардан, ба тарбия гирифтани кӯдак ва дигар муносибатҳои оилавиро ба танзим медарорад, мебошад.

      Вале баъзе аз аъзои оила ба даргоҳи муқаддас будани он эътибор надода, ба хушунату зуроварӣ дар оила сабаб мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солимию хушбахтии оила диқати ҷиддӣ дода, соли 2015-ро дар Ҷумҳурӣ “Соли оила” эълон намуда, таъкид доштаанд, ки “...Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилиҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

    Бо назардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шаванд. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад”. Бо таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оила, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро андешида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” аз 19 марти соли 2013 ва “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” қабул карда шудааст, вале бо ин вуҷуд ҳанӯз ҳам гирифторони хушунату зуроварӣ дар оила кам нестанд. Хушунат ё зӯроварӣ дар оила яке аз амалҳои номатлуб дар ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, аслан гирифторони хушунат дар оила пиронсолону занон ва кӯдакон мебошанд.

Инчунин дар баъзе ҳолатҳо зӯроварӣ аз ҷониби фарзанд ба падару модар ё аз ҷониби зан ба шавҳар низ ба назар мерасад. Намудҳои зӯроварӣ дар оила иборат аст аз зуроварии ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ. Бояд гуфт, ки хушунату зуроварӣ дар оила оқибатҳои нохӯшро дар пай дорад. Дар натиҷаи хушунати зиёд нисбат ба кӯдакон руҳияи онҳо зери таъсиру фишор қарор гирифта, ин амал то содиркунии ҷиноят, оворагардӣ, дуздӣ, бадахлоқӣ ноболиғонро бурда расонда, ҳаёти бачагии онҳоро пурмоҷарову талх мегардонад.

 Бо мақсади таъмин намудани шодию хандаи ҷавонӣ ва кӯдакии худ фарзандон ба кӯча ва марказҳои дилхушӣ рӯ меоваранд. Ҳамчунин фишору зӯроварӣ ба занон ва пиронсолон низ оқибатҳои гуреза шудан, аз ақл бегона шудан, ҷудошавии оилаҳо, худкушӣ ва бероҳашавии занону бонувонро ба миён меоварад. Бинобар ин мо бояд фазои хонаи хешро тавре нигаҳ дорем, ки барои ҳар як аъзои он макони фароғату дилхушӣ маҳсуб шавад.

Насли калонсол бояд дар ин масъала диққати ҷиддӣ дода, на танҳо нисбати кӯдакон зӯроварӣ нанамоянд, балки кушиш кунанд, то моҷарову нофаҳмиҳо ва баҳсу мунозираҳои мансуб ба насли калонсолро дар назди кудакон ифшо насозанд.

Омилҳои пайдо шудани зуроварӣ дар оила, ин бемсъулиятии калонсолон, бунёд намудани оила аз ҷониби шахсони ҳануз ба ҳаёти мустақилона омоданабуда, тарбияи комил надоштани барпокунандагони оила мебошад. Гарчанде тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳ аз 18 боло бошад ҳам, вале барои оилаи комилу солим барпо намудан ҷавононро зарур аст, ки соҳибмаълумот гардида, худро барои ҳаёти мустақилона ба таври пурра омода созанд ва вазифаи волидайнии худро, ки пеш аз ҳама ба дунё овардани фарзандони солимақл ва тарбияи дурусти насли наврас аст ба ҷо оваранд.

 Волидайнро мебояд барои фарзандони худ намунаи ибрат бошанд, зеро кӯдакон ҳамеша аз калонсолон тақлид мекунанд. Танҳо дар ҳолати нигоҳ доштани оромии муҳити оилавӣ кӯдакон ба китобхонию такмили ахлоқ таваҷҷуҳ карда метавонанд. Барои кам кардани ҳолатҳои хушунату зуроварӣ дар оила ҳар яки мо аъзои оиларо зарур аст, ки ба калонсолони хона иззат гузошта, пурсабру таҳаммулпазир, некахлоқу дурандеш, покизарафтору хушсухан ва дорои муносибатҳои солим бошем.

Ҳамватанони азиз, биёед ҳар яки мо барои солимии оилаи хеш сидқан саҳм гузошта, ҷомеаро аз ҳама намуди ноосудагию ифлосӣ покиза нигоҳ дорем ва ба пурарзишии оила эҳтиром гузошта, зӯроварӣ дар оиларо маҳкум кунем.

                                          



 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 20 май 2025 08:15
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 21
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
30 апрель 2024
Асосӣ / Мақомоти иҷроия
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН 1. Муовини

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
12 декабрь 2022
Асосӣ
«16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ

«16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ЗУРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ» Рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30