НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА": МАРДУМ БА ҲАМГИРОӢ ВА ҲУШЁРӢ ДАЪВАТ ШУДАНД
май 20 2025

УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА": МАРДУМ БА ҲАМГИРОӢ ВА ҲУШЁРӢ ДАЪВАТ ШУДАНД

                           УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА": МАРДУМ БА ҲАМГИРОӢ ВА ҲУШЁРӢ ДАЪВАТ ШУДАНД

         Санаи 13 майи соли 2025, дар деҳаҳои Наврӯз ва Пушкини Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо иштироки муовини раиси ҷамоат Азизхоним Самизода, раисони маҳаллаҳо Ҷонона Абдсамадова, Ҳасан Назаров ва фаъолону сокинони маҳаллӣ вохӯрии таблиғотӣ дар доираи усули “Деҳа ба деҳа” баргузор гардид.

 Мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати сокинон дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни ин вохӯрӣ масъулин доир ба пешгирии таблиғи фарҳанги бегона, хусусан дар либоспӯшии ҷавонон ва тарғиби либоси миллии тоҷикӣ, баён намуданд, ки пӯшидани либоси миллӣ на танҳо ифтихор, балки пос доштани суннатҳои деринаи фарҳанги тоҷикон аст.

Зикр гардид, ки пайравӣ ба мӯдҳои бегона метавонад ба коста шудани ҳувияти миллӣ ва дуршавӣ аз арзишҳои фарҳангӣ оварда расонад. Ҳамзамон, зарурати истифодаи самараноки замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, мавриди муҳокима қарор гирифт. Мавзӯи сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, бахусус дар фасли гармӣ, бо такя ба таҷрибаи сокинон ва дастурҳои масъулин, бо мисолҳои равшан шарҳ дода шуд.

Дар қисмати дигар, масъулин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва таъсири манфии чунин ҳаракатҳо ба ҷомеа суханронӣ карданд. Таъкид гардид, ки тарбияи дурусти фарзандон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва огоҳии сиёсӣ воситаи муассири пешгирӣ аз ин падидаи номатлуб мебошад.

Сокинони маҳалла бо изҳори сипос аз ташкили чунин мулоқоти муфид, пешниҳодҳо ва саволҳои худро низ баён карданд, ки аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас дода шуданд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо дар дигар деҳаҳои ҷамоат низ идома хоҳанд ёфт, то ҳисси масъулият ва огоҳии шаҳрвандон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ боз ҳам бештар гардад.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 20 май 2025 08:20
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 21
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
28 декабрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ

ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30