НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » РОҲҲОИ ГУЗАРИШ ВА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ХОРИШАК
май 20 2025

РОҲҲОИ ГУЗАРИШ ВА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ХОРИШАК

                                          РОҲҲОИ ГУЗАРИШ ВА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ХОРИШАК

        Барангезандаи хоришак ин “канаи клейш” мебошад, ки ба гурӯҳи паразитҳо дохил мебошад, давраи инкишофёбии клейш аз тухм то худи паразит 14-21 рӯз мебошад ва давомноки умри ҳамин канаи клейш то 2-моҳ мебошад, ки дар давоми умраш то 30-адад тухм мегузорад. Роҳҳои гузариш бо роҳи тамос аз шахси бемор ба шахси солим ме гузарад.

Сабабҳои паҳншавии беморӣ ин риоя накардани гигиенаи шахсӣ, зиндагӣ намудан дар шароити антисанитария ва дер муроҷиат намудан ба мутахассис мебошанд. Барои зиёдшавӣ ва авҷгирии хоришак ба гирифторони ин беморӣ омаду рафти шаҳрвандон аз дигар шаҳру ноҳияҳо бояд манъ карда шавад. Инчунин, зиёдшавии туристҳо ба ин минтақа ё минтақаҳои истироҳатӣ, зиёд будани одамҳо дар як ҷои зист, масалан, сохтмонҳо, сафари хизматӣ, омадани шаҳрвандон ва бахудмуолиҷа машғул шудан низ боиси паҳн гаштани ин беморӣ мешаванд.

 Аломатҳои клиникии беморӣ: Давраи пинҳонии беморӣ аз 1 то 6 ҳафта мебошад, дар баъзе ҳолатҳо метавонад, ки муҳлат таъғйир ёбад. 1. Аломати асосии бемории хоришак ин хориши зиёди пӯст, ки бо авҷгирӣ қисми бегоҳӣ ва шабона дида мешавад. 2. Мушоҳида шудани роҳҳои воридшавии паразит ба пӯсти бадани бемор. 3. Пайдошавии дамишҳо ва гиреҳчаҳо дар пӯст. 4. Эрозия (захм) ва иззи хоришҳо дар пӯст.

 Ҷойҳои зиёд дидашавандаи дамишҳои хоришак ин ҷое мебо шад, ки эпидермис тунук мебошад (яъне ҷойҳое, ки пӯсти тунук дорад, аз ҷумла, пӯсти байни ангуштҳо, банди даст, пӯсти зери каш, пӯсти ронҳои пойҳо ва ғайра. Сироят шудан аз шахси бемор ба шахси солим ҳангоми алоқаи ҷинсӣ (ҳамхобагӣ) аломатҳои клиникӣ бештар метавонад, ки дар узвҳои ҷинсӣ пайдо шавад. Хорише, ки дар пӯсти бадан ба амал меояд, танҳо дар ҷои илатдидаи пӯст метавонад бошад, аммо хориш тавассути торҳои асаб метавонад тамоми пӯсти баданро ангезиш дода ҳамаи бадан ба хориш гирифтор кунад.

Аломатҳои клиникӣ байни шахсони калонсол дар пӯсти рӯй, гардан, қисми мӯйдори сар ва пӯсти байни шонаҳо мушоҳида карда намешавад. Дар кӯдакҳо бошад, авҷи беморӣ ва дамишҳо дар ҳамаи ҷойҳои пӯсти бадан метавонд, ки бошад. Оризаҳои беморӣ: Ҳангоми сари вақт ба мутахассис муроҷиат накардан, ё ба худмуолиҷа машғул шудан ва табобатро бо ҳамаи нозукиҳояш иҷро накардан, хоришак метавонад ориза диҳад (фрункнулёз, стрепто стафило дермия, лимфоаденит - қубоҳи микробӣ) ва ғайра. Ташхиси хоришак:

 Дар бисёр ҳолат мутахассис бо дигар бемориҳои пӯст аз рӯи аломатҳои клиникӣ муқоиса наму да, ташхис мегузорад. Боз санҷишҳои таҳлилгоҳӣ низ ҳастанд, ки барои муайян ва дарёфти барангезандаи хоришак (масалан усули бо истифодаи кислотаи ширрии 40%) ва ғайра ба беморон ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудан аз ҷониби мутахассиси ҳамин соҳа ёрӣ расонида шавад, чунки аз ҳисоби табобати нопурра ва ё табобати саривақтӣ накардан ин беморӣ ҳам мураккаб ва ҳам ба дигар шахсҳои оила гузашта беморӣ ва сафи онро зиёд менамояд. Пешгирии хоришак: Чи тавре ки мегӯянд, пешгирӣ беҳтар аз табобат аст. Мақсад тавсияи пешгирии хоришак чунин мебошад: 1. Риояи гигиенаи шахсии ҳар як на фар ҳатмист. 2. Дурӣ аз манбаи сироят (яъне аз шахсе, ки ба ин беморӣ) гирифтор шудааст. 3. Истифода набурдан аз ашёҳои умумии (сачоқ, рахти хоб, либоси бегона) ва ғайра. 4. Шустан ва безарар намдани либосҳо, ашёҳои хона ва тоза на мудани ҳавои хона ва ғайра.

Хуллас, баҳри хонандагони сатрҳо ҳаминро гуфтаниям, ки ҳангоми дучори кадом намуди беморие, ки набошад, хоҳ бемори пӯст ва ё дигар бемориҳо бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кунанд, чунки гап сари саломатии инсон меравад. Яъне, зудтар ба мутахассис муроҷиат намудан, ба суханҳои ҳар як нафар бовар накардан ва аз пеши худ ба табобат машғул нашуда, аз пизишкон маслиҳат гирифтан, ин ба манфиати ҳар як шаҳрванд ва аҳли ҷомеа аст.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 20 май 2025 08:29
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 23
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
12 июль 2023
Асосӣ / Маориф
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА

ТОБИСТОНА Фасли тобистон ҳамчун фасли истироҳатӣ барои хонандагону толибилмон хусусиятҳои хоси худро дорад.

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Маориф
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ

ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, №99 дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30