НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ХУДШИНОСӢ - ДАР МЕҲВАРИ ВОХӮРИҲОИ ТАРБИЯВӢ
май 20 2025

ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ХУДШИНОСӢ - ДАР МЕҲВАРИ ВОХӮРИҲОИ ТАРБИЯВӢ

                       ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ХУДШИНОСӢ - ДАР МЕҲВАРИ ВОХӮРИҲОИ ТАРБИЯВӢ

         Бо ҳадафи татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии волидайн, таҳкими тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои замони муосир, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мунтазам силсила чорабиниҳо доир мегарданд.

Дар ҳамин замина, дар толори ШВКД дар ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳия - подполковники милитсия Абосзода Фатҳиддин вохӯрии судбахш бо намояндагони сохторҳои маҳаллӣ, аз ҷумла муовинони раисони ҷамоатҳо, имомхатибони масоҷид, сармутахассисони бахши танзими ҷашну маросим, инчунин раисони маҳаллаҳо баргузор гардид.

Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ дар суханронии худ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва ташаккули ахлоқи солими ҷомеа ёдовар шуда, зикр намуд, ки падару модарон дар тарбияи фарзандон на танҳо масъулият доранд, балки як вазифаи муқаддасро бар дӯш доранд.

 Ӯ таъкид кард, ки мо бояд кӯдаконро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, эҳтироми қонун ва садоқат ба Ватан ба камол расонем, то онҳо дар оянда насли бошуур, бедордил ва ватандӯст бошанд. Зимни вохӯрӣ Абосзода Фаррух, подполковники милитсия, низ баромад намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба хатарҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ ҷалб кард. Ӯ гуфт, ки бисёре аз ҷавонон ба сабаби надоштани маълумоти кофӣ ва ноогоҳӣ, ба доми ваъдаҳои пӯчу хатарнок меафтанд.

 Аз ин рӯ, пешгирии чунин падидаҳо бояд дар ҳамкории зичи ҷомеа бо мақомоти дахлдор амалӣ гардад. Ҳамчунин, дар ин мулоқот масъалаҳои дигар, ба мисли тарғиби фарҳанги миллӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ, тозагии муҳити зист ва муқовимат ба сару либоси ба фарҳанги мо бегона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки фарҳанг оинаи миллат аст ва ҳифзи он ба маънои ҳифзи ҳастии миллӣ мебошад. Масъулин таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт ва барои бедор намудани ҳисси масъулиятшиносии аҳолӣ дар тарбияи насли солим мусоидат хоҳанд кард.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 20 май 2025 08:47
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 23
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30