НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ЧИЛ РӮЗ БАХШИДА БА КӮДАКОН - ТАРБИЯТ, ҲУНАР ВА ШОДМОНӢ
май 26 2025

ЧИЛ РӮЗ БАХШИДА БА КӮДАКОН - ТАРБИЯТ, ҲУНАР ВА ШОДМОНӢ

                                  ЧИЛ РӮЗ БАХШИДА БА КӮДАКОН - ТАРБИЯТ, ҲУНАР ВА ШОДМОНӢ

      Бо мақсади тарғиби арзишҳои кӯдакон ва таҳкими муҳити солими маънавию ахлоқӣ барои онҳо, дар доираи тадбирҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, иқдоми фарҳангию тарбиявии “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” дар муассисаҳои томактабии ноҳия оғоз гардидааст.

Дар доираи ин иқдом, санаи 14 майи соли 2025 чорабиниҳои идона дар як қатор муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла муассисаи хусусии таълимии томактабии “Санавбар”, муассисаҳои томактабии №1 ва №6-и ноҳия бо иштироки фаъолонаи кӯдакон, волидайн ва омӯзгорон доир гардиданд. Мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо - фароҳам овардани фазои идона, рушди қобилиятҳои эҷодӣ, тарбияи ҳисси зебоишиносӣ ва тақвияти рӯҳияи миллӣ дар кӯдакон мебошад.

Бино ба иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳия, "Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон" аз силсилаи чорабиниҳои гуногун иборат буда, аз рӯзи 14 май оғоз ёфта, то 1 июн - Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон идома меёбад. Дар ин муддат озмунҳои рассомӣ, шеърхонӣ, наворбардорӣ, нақшофарӣ, ҳунарҳои дастӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои эҷодӣ ва дигар намоишҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Ин чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо волидон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа амалӣ гардида, муҳити созгору рӯҳбаландро барои кӯдакон фароҳам меоранд. Мураббиёни муассисаҳои томактабӣ зикр карданд, ки чунин ташаббус ба рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии кӯдакон мусоидат мекунад ва имконият медиҳад, то онҳо истеъдод ва малакаҳои хешро нишон диҳанд. Гуфта шуд, ки “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” на танҳо як маъракаи тарбиявӣ, балки таҷассуми муҳаббату таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба насли наврас мебошад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 26 май 2025 09:54
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 263
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
12 июль 2023
Асосӣ / Маориф
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА

ТОБИСТОНА Фасли тобистон ҳамчун фасли истироҳатӣ барои хонандагону толибилмон хусусиятҳои хоси худро дорад.

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30