ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯ: МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАРАЁН ДОРАД
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дустӣ ва ҳамбастагӣ миёни кормандони муассисаву ташкилотҳо, инчунин дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, аз 7 то 20 майи соли 2025 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми раиси ноҳия” баргузор мешавад.
Ин мусобиқа бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳандозӣ гардида, миёни дастаҳои муассисаҳои ноҳиявӣ сурат мегирад. Яке аз бозиҳои ҷолиб ва пуршиддати ин мусобиқа рӯзи 14 май баргузор шуд, ки дар он дастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастаи маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия қувваозмоӣ намуданд.
Бозӣ бо муборизаи сахт ва рӯҳияи баланди варзишӣ сурат гирифта, дар охир бо ҳисоби 5 бар 4 ба фоидаи дастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия анҷом ёфт. Мусобиқаи мазкур дар якчанд давр сурат гирифта, бозиҳо то санаи 20 май идома меёбанд.
Ғолибони ниҳоии мусобиқа дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардида, бо Ҷом, Медал ва Ифтихорнома қадрдонӣ хоҳанд шуд. Ин тадбир на танҳо ҳамчун як чорабинии варзишӣ, балки ҳамчун василаи муҳими ҳамгироии кормандон ва арҷгузорӣ ба нақши ҷавонон дар ҷомеа арзёбӣ мегардад.