НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » САНҶИШИ САТҲИ ДАРСОМӮЗӢ ВА ОМОДАГИИ ХАТМКУНАНДАГОН ДАР НОҲИЯ
май 26 2025

САНҶИШИ САТҲИ ДАРСОМӮЗӢ ВА ОМОДАГИИ ХАТМКУНАНДАГОН ДАР НОҲИЯ

                             САНҶИШИ САТҲИ ДАРСОМӮЗӢ ВА ОМОДАГИИ ХАТМКУНАНДАГОН ДАР НОҲИЯ

       16 майи соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва санҷиши омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба аттестатсияи давлатӣ, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ Шукурзода Шаҳло аз як қатор муассисаҳои таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Золи Зар боздид намуд.

Шукурзода Шашло аз фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 25, 29 ва 30 боздид ба амал оварда, бо шароити омӯзишу таълим, иштироки хонандагон дар дарсҳо ва вазъи таъминот бо лавозимоти хониш шинос гардид. Дар ҳар як муассиса роҳбарияти мактаб ва омӯзгорон доир ба корҳои омодагӣ ба аттестатсияи хатмкунандагон маълумот доданд.

Зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагон таъкид гардид, ки бо наздик шудани муҳлати имтиҳонҳои хатм, зарур аст таваҷҷуҳ ба сифати таълим, омодагии назариявӣ ва амалӣ, инчунин риояи тартибот ва интизоми мактабӣ боз ҳам тақвият дода шавад.

 Муовини раиси ноҳия ба масъулини соҳа дастур дод, ки назорати дохилимактабӣ оид ба сатҳи азбаркунии маводи дарсӣ, иштирок дар дарсҳо ва омодагии равонӣ ва ахлоқии хонандагон ба аттестатсия пурзӯр карда шавад.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия барои таъмини шароити зарурӣ дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамоянд.

Дар фарҷоми боздид, Шукурзода Шаҳло изҳори боварӣ намуд, ки хатмкунандагони муассисаҳои мазкур метавонанд бо натиҷаҳои хубу сазовор аттестатсияи давлатиро гузаранд ва барои таҳсили минбаъда дар зинаҳои болоии таҳсилот омодагии ҷиддӣ бинанд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 26 май 2025 13:49
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 20
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
12 июль 2023
Асосӣ / Маориф
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА

ТОБИСТОНА Фасли тобистон ҳамчун фасли истироҳатӣ барои хонандагону толибилмон хусусиятҳои хоси худро дорад.

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30