БО ҲАМ ОБОД МЕКУНЕМ - ҲАШАРҲОИ ОМАВӢ ДАР НОҲИЯ
Бо ҳадафи зебо гардонидани муҳити зист, таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон нисбат ба ободонии маҳал ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳар рӯз ва бахусус рӯзҳои шанбе ҳашарҳои дастаҷамъонаи ободонӣ баргузор мешаванд. Ин иқдом, ки бо ҷалби васеи кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли маорифу тандурустӣ роҳандозӣ мегардад, имрӯз ба як ҷараёни ҳамешагӣ ва анъанаи неки ҷамъиятӣ дар ноҳия мубаддал гаштааст.
Субҳи рӯзи 21 июн, дар фазои ҳашаромез дастаҳои корӣ аз миёни намояндагони соҳаҳои гуногун - аз ҷумла маориф, тандурустӣ, бахши ҷавонон ва варзиш, мактаби варзишӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораи коммуналӣ ва дигар ниҳодҳо ба корҳои ободонию тозакорӣ дар назди корхонаҳо, муассисаҳо ва шоҳроҳҳо ҷалб гардиданд. Дар ҷараёни ин иқдоми муҳими иҷтимоӣ, чун анъана, корҳои гуногуни ободонӣ ба мисли рӯбучини майдонҳо, тоза кардани алафҳои бегона, обёрии гулу буттаҳо, дарахтон ва бартарафсозии партовҳо анҷом дода шуд.
Ҳамзамон, муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ низ аз ин ташаббус қафо намонда, корҳои таъмиру навсозии синфхонаҳоро ба роҳ мондаанд. Омодагӣ ба соли нави таҳсил бо рангубори синфхонаҳо, тоза кардани ҳавлӣ ва муҳити дарсӣ аз ҷониби омӯзгорон ва кормандони маъмурии мактабҳо идома дорад.
Ташаббуси мазкур на танҳо ба беҳдошти муҳити зист, балки ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулият дар миёни шаҳрвандон мусоидат мекунад. Ин тозакориҳои дастаҷамъона бори дигар нишон медиҳанд, ки бо якдилии ҷомеа метавон ба рушди ҳамаҷонибаи кишвар мусоидат намуд.