НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » НАҚШИ ШӮРОИ МЕТОДӢ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶОМЕА
июль 28 2025

НАҚШИ ШӮРОИ МЕТОДӢ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶОМЕА

НАҚШИ ШӮРОИ МЕТОДӢ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶОМЕА

      Бо дарназардошти аҳамияти тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолияти Шӯрои мувофиқсозӣ ва методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон таҳти роҳбарии раиси ноҳия ҷараён дорад.

Ин Шӯро дар асоси қарори раиси ноҳия аз 30 январи соли 2020, таҳти №201, ки мутобиқ ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2020, №9 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2019, №599 «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030» таъсис ёфтааст, фаъолият мекунад.

Дар шаш моҳи аввали соли 2025 Шӯро бо такя ба нақшаи кории тасдиқшуда як силсила чорабиниҳои амалиро анҷом дод, ки ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои риояи қонунҳо байни аҳолии ноњия буд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Шӯро таҳлили вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон мебошад.

 Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, таҳлили амиқи омилҳои содиршавии ҷиноят ва сабабҳои фаро гирифта нашудани баъзе хонандагон ба таҳсил аз ҷониби аъзои Шӯро анҷом ёфта, барои ислоҳи вазъ ба сохторҳои дахлдор тавсияву пешниҳодҳои мушаххас ирсол гардидаанд. Чунин муносибати масъулона дар самти коҳиш додани хавфҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти ҳуқуқии ҷавонон нақши муассир дорад. Бо мақсади пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротгаро ва таълими ғайрирасмӣ, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ якчанд маротиба дар ҳамкорӣ бо зиёиён, адибон ва рӯҳониёни маъруф вохӯриҳои мақсаднок роҳандозӣ гардиданд, ки ин чорабиниҳо барои бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва огоҳии ҳуқуқии наврасон мусоидат менамоянд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо ташаббуси Шӯро озмуну маҳфилҳои гуногун баргузор шуданд.

Аз ҷумла, озмуни «Беҳтарин омӯзгори фанни ҳуқуқ», маҳфилҳои илмии хонандагон, олимпиада ва мусобиқаҳои ҳуқуқии ҷойдошта барои тақвияти донишҳои ҳуқуқии насли наврас такони ҷиддӣ мебошад. Баъд аз анҷоми озмунҳо ғолибон бо мукофотҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шудаанд, ки ин омили ташвиқкунанда дар ҷодаи омӯзиши ҳуқуқ маҳсуб мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тавассути ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ дар муассисаҳо, фаъол сохтани сомонаи расмӣ бо нашри маводи ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, тарғиби доимии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро таъмин намуд. 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 28 июль 2025 08:19
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 20
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
12 январь 2023
Асосӣ
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022 Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Август 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031