СОХТМОНИ 5 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР ҲУДУДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №13
Дар доираи талошҳои ҷомеа барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои хонандагон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Баҳории Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони панҷ синфхонаи иловагӣ бо маром идома дорад. Ин иқдом бо дастгирии фаъолонаи сокинони маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкори ватандӯст амалӣ гардида, намунаи равшани ҳамкории ҷомеа бо соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, барои анҷом додани ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ аз маводи босифат истифода бурда мешавад. Мақсад аз бунёди синфхонаҳои иловагӣ ҳалли мушкили нарасидани ҷойи нишаст дар синфҳо, коҳиши зичии хонандагон дар синфҳои амалкунанда ва таъмини муҳити мусоиди таълимӣ барои хонандагон мебошад.
Сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ изҳор доштаанд, ки дастгирии маориф ва омӯзгорон вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди бедордил буда, ин гуна ташаббусҳо бояд идома ёбанд. Онҳо бовар доранд, ки бо анҷоми пурраи сохтмони синфхонаҳо сатҳи таълиму тарбия дар муассиса боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Мақомоти маҳаллӣ низ аз ин иқдом истиқбол намуда, онро намунаи ибратбахш барои дигар ҷамоатҳо арзёбӣ мекунанд. Дар назар аст, ки сохтмони синфхонаҳо то оғози соли таҳсили нав анҷом ёфта, ба истифода дода шаванд.