ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Санаи 8 августи соли равон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Умари Хайёми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавии «Шукӯҳи Истиқлол», ки аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ташкил гардид, бо шаҳомати хосса баргузор шуд. Дар чорабинии идона роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳаллӣ, ҳунармандони бахши фарҳанг ва сарояндаи шинохтаи кишвар Комронҷони Сафарзод иштирок доштанд.
Барномаи идона бо намоиши бозиҳои варзишӣ оғоз ёфт. Варзишгарони ноҳия маҳорати худро дар намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштини миллӣ, футбол, бозии волейбол ва дигар намуди варзишҳо ба намоиш гузоштанд. Роҳбарияти ноҳия аз ин намоишҳо боздид намуда, фаъолияти варзишгаронро баланд арзёбӣ карданд. Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, бо суханронии шодбошӣ баромад карда, ҳозиринро аз номи раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба муносибати Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола 10 август таҷлил мегардад, самимона табрик намуд.
Ӯ таъкид кард, ки варзиш яке аз унсурҳои муҳими тарзи ҳаёти солим буда, дар тарбияи насли наврас ва таҳкими нуфузи миллӣ нақши муассир дорад. Бо мақсади қадрдонӣ аз дастовардҳои варзишгарон ва саҳми онҳо дар баланд бардоштани нуфузи варзиши тоҷик, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба чанде аз варзишгарон ва кормандони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо ҳунарнамоии гурӯҳҳои фарҳангӣ ва иҷрои сурудҳои дилнишини сарояндагони маҳаллӣ идома ёфт. Баромади сарояндаи маъруфи кишвар Комронҷони Сафарзод, ки бо оҳангҳои ҷаззобу эҳсосбарангез пазироии гарми тамошобинонро касб кард, ба чорабинӣ руҳу таровати тоза бахшид. Чорабинии «Шукӯҳи Истиқлол» бо фазои идона ва эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои варзишгарону ҳунармандони ноҳия анҷом ёфт, ки бори дигар нишон дод, сокинони Ҷалолиддини Балхӣ бо ваҳдат, ҳамбастагӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватан зиндагӣ ва фаъолият мекунанд.