ОДАМРАБОӢ - ТАҲДИДИ ХАТАРНОК БА ОЗОДИИ ИНСОН
Озодӣ, яке аз арзишҳои асосии инсоният, заминаи амалишавии тамоми ҳуқуқу озодиҳои шахсият маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди пешрафтҳои илмӣ ва фанноварӣ, ки инсониятро ба фатҳи кайҳон расондаанд, то ба имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилиҳое рӯбарӯст, ки реша дар поймолсозии ҳуқуқи инсонро ошкор менамоянд. Яке аз чунин падидаҳои хатарзо ва фоҷеабор - одамрабоӣ ва савдои одамон ба шумор меравад.
Ин ҷиноят, ки мустақиман зидди озодии инсон равона шудааст, то ба имрӯз дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ба унвони як мушкили ҷиддии иҷтимоӣ боқӣ мондааст. Мубориза бо он, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар мизони байналмилалӣ, аз давраҳои таърихӣ оғоз шуда, бо қабули санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ шакл мегирад.
Заминаҳои таърихии мубориза бо савдои одамон Нахустин иқдомҳо алайҳи савдои инсон дар асрҳои 16 то 19 дар баъзе кишварҳо роҳандозӣ шудаанд. Баъдан қонунҳои манъи ғуломдорӣ ва хариду фурӯши одамон, ки дар кишварҳои пешрафта қабул шудаанд, асоси ташкили ташкилотҳо ва кумитаҳои ҳомии ҳуқуқ гардиданд.
Аз ҷумла, соли 1900 дар Русия «Ҷамъияти ҳимояи занон» ва соли 1902 бо ташаббуси Ҳукумати Франсия конфронси байналмилалӣ баргузор шуд, ки натиҷаи он қабули Конвенсияи байналмилалӣ «Дар бораи манъи хариду фурӯши занон» (1910) буд. Дар ибтидо, ҳифзи ҳуқуқи занону духтарон дар меҳвари ин созишномаҳо қарор дошт. Аммо бо мурури замон, дар асоси таҷдиди назарҳои пайваста, масъалаи кӯдакон низ ба ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ворид гардид. Аз ҷумла, Конвенсияи Женева (1921) ва дигар санадҳои солҳои 1926, 1930, 1933 ва 1948, ки ба мукаммалсозии ҳуқуқи қурбониёни одамфурӯшӣ нигаронида шудаанд.
Асри 21 ва муборизаи ҷиддитар Дар оғози асри 21 таваҷҷуҳ ба ин ҷинояти трансмиллӣ шадидтар гардид. 9 декабри соли 1998 Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳияи конвенсия ва протокол оид ба ҷиноятҳои фаромиллӣ қарор қабул намуд. Дар натиҷа, 15 ноябри соли 2000-ум, Протоколи иловагӣ оид ба ҷилавгирӣ аз савдои одамон, махсусан занону кӯдакон, ва мубориза бо он қабул шуд. Ин санад, ки бо номи Протоколи Палермо маъруф аст, мафҳумҳои «савдои одамон» ва «қурбонӣ»-и онро ба таври мушаххас муайян месозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин Протокол ҳамроҳ шуда, тағйироти дахлдорро ба қонунгузории миллӣ, аз ҷумла ба Кодекси ҷиноятӣ ворид намуд. Дар баробари ин, барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои зидди савдои одамон таҳия ва амалӣ гаштанд. Одамрабоӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва муборизаҳо Тоҷикистон низ дар гузашта бо ин мушкилот рӯ ба рӯ буд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992–1997, ки бенизомӣ ва назоратро заиф гардонд, заминаи мусоид барои хариду фурӯши кӯдакон ва дигар навъҳои истисмор фароҳам омад.
Гарчанде имрӯз ин ҷиноят коҳиш ёфтааст, хатар комилан аз байн нарафтааст. Муҳоҷирони меҳнатӣ, махсусан занон ва ҷавонон, аз ҷумлаи қишрҳои осебпазир мебошанд. Ин гурӯҳҳо на танҳо мавриди фиреби хариду фурӯш қарор мегиранд, балки ба василаи издивоҷҳои маҷбурӣ, гадоӣ ва дигар шаклҳои истисмор низ истифода мешаванд. Омили асосии гирифторшавӣ ба чунин ҳолатҳо, паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ дур будан аз мутолиа ва ноогоҳии шаҳрвандон аз гурӯҳҳои муқобил дониста мешавад. 30 июл - Рӯзи ҷаҳонии муқовимат бо савдои одамон Ҳамасола 30 июл дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо савдои одамон таҷлил мегардад.
Ин сана на танҳо барои бозгӯ кардани оқибатҳои вазнини ин ҷиноят, балки барои огоҳсозии мардум, хусусан ҷавонон ва наврасон, таъсири мусбат дорад. Чорабиниҳои иттилоотӣ, маъракаҳои таҳлиливу тарғиботӣ ва барномаҳои махсус барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон роҳандозӣ мешаванд. Савдои одамон - дар шеъру андешаи гузаштагон Масъалаи озодӣ ва гиромидошти инсон аз қадим дар маркази таваҷҷуҳи мутафаккирону донишмандон ва адибони форсу тоҷик қарор дошт. Дар асрҳои гузашта, ғуломон ҳамчун табақаи беҳуқуқ дар ихтиёри ҳокимону подшоҳон қарор доштанд ва ҳатто бозорҳои махсус барои хариду фурӯши онҳо амал мекард.
Аз ҳамин хотир, зиёиёни боандеша ин падидаро ҳамчун монеаи асосии рушду пешрафти инсонӣ маҳкум намудаанд. Имрӯз низ ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар баробари таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, мубориза бо савдои одамонро аз муҳимтарин масъалаҳо медонад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҷомеа манфиати бузург хоҳад дошт. Нурзода Парвиз Шералӣ, нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ