"ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВОӢ
Санаи 4 сентябри соли равон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и Ҷамоати деҳоти Навоӣ чорабинии фарҳангию тантанавӣ таҳти унвони "Шукӯҳи Истиқлол" баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идона роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту идораҳо ва сокинони деҳа ширкат варзиданд. Дар суханрониҳо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду ободии кишвар ва болоравии сатҳи зиндагии мардум мавриди таъкид қарор гирифт.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ доир гардид. Ҳунармандони маҳаллӣ бо суруду рақсҳои пурмазмуну ватандӯстона фазои идонаро боз ҳам шукӯҳманд сохтанд. Ҳамзамон, сарояндагони хушовоз Парвина Назарова ва Ҷамолиддин Холов бо иҷрои таронаҳои миллӣ ва ифтихормандона ба чорабинӣ руҳу равони тоза бахшиданд. Тибқи иттилои иштирокчиён, чорабинии "Шукӯҳи Истиқлол" на танҳо як ҷашни фарҳангӣ, балки изҳори миннатдорӣ аз арзишҳои Истиқлолият ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар миёни ҷавонон мебошад.