РӮЗИ КИТОБ БО ШЕЪРУ СУХАН РАНГОРАНГ ГАРДИД
Санаи 4 сентябр дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки роҳбарону масъулини соҳа ва дӯстдорони китоб ҷашни Рӯзи китоб баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Шукурзода Шаҳло, директори Китобхонаи марказӣ Наргис Салимзода, методисти китобхона Лутфинисо Азизова, китобдорони филиалҳо, хонандагони китобхонаҳои марказӣ ва бачагона ширкат доштанд. Чорабинии Рӯзи китоб бо тамошои намоиши дастовардҳои китобдорон оғоз ёфт. Муовини раиси ноҳия бо ин намоиш ошно шуда, фаъолияти китобдоронро дар тарғибу рушди фарҳанги мутолиа арзишманд арзёбӣ намуд.
Сипас, Шукурзода Шаҳло дар суханронии худ аҳамияти китобро ҳамчун ганҷинаи бебаҳо таъкид намуда, иброз дошт, ки китоб на танҳо воситаи донишандӯзӣ, балки раҳнамо ба сӯйи зиндагии маърифатнок мебошад. Ӯ зикр кард, ки дар тӯли таърих маҳз халқҳое ба пешрафту тараққиёт даст ёфтаанд, ки китобу илму донишро қадр карда, онро пояи зиндагӣ қарор додаанд.
Дар идомаи баромадаш Шукурзода Шаҳло ба масъалаи Истиқлолияти давлатӣ низ таваҷҷуҳ намуда, таъкид дошт, ки Истиқлол рамзи озодӣ ва ҳастии миллат аст. Мардуми Тоҷикистон ифтихор доранд, ки соҳиби давлати мустақилу миллӣ мебошанд ва таъсиси Ҷумҳурии соҳибихтиёр яке аз рӯйдодҳои таърихиву бузурги даврони навин маҳсуб меёбад. Барномаи фарҳангӣ бо шеърхонии хонандагону наврасон идома ёфт. Онҳо бо сурудани ашъор дар васфи Ватан, китоб ва илму дониш фазои маънавии идонаро шукӯҳу ҷилои хоса бахшиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ, як қатор кормандони фаъоли китобхона ва хонандагони намунавӣ аз ҷониби Китобхонаи марказии ноҳия бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.