НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Иҷтимоъ » Маориф » ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН: ТАРҒИБИ МУТОЛИА ВА АРҶГУЗОРӢ БА МЕРОСИ НИЁГОН
апрель 15 2025

ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН: ТАРҒИБИ МУТОЛИА ВА АРҶГУЗОРӢ БА МЕРОСИ НИЁГОН

  ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН: ТАРҒИБИ МУТОЛИА ВА АРҶГУЗОРӢ БА МЕРОСИ НИЁГОН

       3 апрели соли 2025, дар Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ибтикори масъулони соҳаи фарҳанг ва китобдорӣ бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон" чорабинии фарҳангии бошукӯҳ таҳти унвони "Фурӯғи субҳи доноӣ..." баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши муҳим, намояндагони соҳаи китобдорӣ ва фарҳанг, аз ҷумла сармутахассиси китобхонаҳои Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Раҷабзода Саодат, мудири бахши таъбу нашри ҳамин раёсат Назира Розиқова, мушовири Раёсати вилояти Хатлон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - шоир Чӯпон Бадалӣ Ванҷӣ, директори Китобхонаи марказӣ Салимзода Наргис, методисти китобхона Лутфинисо Азизова, инчунин намояндагони бахши фарҳанг, мактаби санъати бачагона ва китобдорони филиалҳои китобхонаи ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Қисмати аввали чорабинӣ бо тамошои намоиши китобҳо ва дастовардҳои Китобхонаи марказӣ ва Китобхонаи бачагона оғоз шуд. Меҳмонон аз гӯшаи намоишӣ, ки дар он асарҳои нав ва таҳқиқоти илмӣ, инчунин намунаҳои эҷодии хонандагони мактаби санъати бачагона ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуданд. Дар идомаи барнома, дар толори китобхона чорабинии бошукӯҳ бо иштироки хонандагони фаъоли китобхона, намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо доир гардид. Кӯдакону наврасон бо қироати порчаҳо аз ашъори шоирони классику муосир, иҷрои сурудҳои пурмазмун ва намоиши рақсҳои ҷолиб фазои идонаро рангу ҷило бахшиданд. Зимни суханронии худ, намояндагони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон аҳамияти китобхонӣ ва рушди фарҳанги мутолиаро таъкид намуданд. Онҳо зикр карданд, ки баргузории фестивалҳои китобхонаӣ ҳадафи асосии ҷалби насли наврас ба мутолиаи китобро дорад, ки ин раванд барои ташаккули малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотӣ ва бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мусоидат менамояд. Иштирокчиёни чорабинӣ инчунин таъкид намуданд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз барои насли ҷавон озмунҳо ва иқдомҳои фарҳангӣ роҳандозӣ шудаанд, ки мардумро ба китобхонию худомӯзӣ ва ғанӣ гардондани ҷаҳонбинии худ раҳнамун месозанд. Фестивал ҳамчунин ба ҳифз ва тарғиби мероси ниёгон, муаррифии беҳтарин осори адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, тақвияти ҳамкории байни волидайн ва муассисаҳои таълимӣ дар самти мутолиаи кӯдакону наврасон ва рушди истеъдодҳои наврасон нигаронида шудааст. 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
03 апрель 2024
Асосӣ / Маориф / Фарҳанг
ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ

ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН» ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар

Маълумоти бештар
22 апрель 2024
Асосӣ / Маориф / Фарҳанг
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ БАЙНИИДОРАВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» Рӯзи 19 апрели соли 2024 дар толори

Маълумоти бештар
05 апрель 2023
Маориф
«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ

«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН» Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар шаҳру навоҳии кишвар Фестивали

Маълумоти бештар
31 октябрь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия дар ноҳияи

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30