БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОӢ ДАР МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ПРОКУРОР
Санаи 5 сентябри соли равон дар толори Ҷамоати деҳоти Золи Зар бо иштироки муовини прокурори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Солиҳзода Парвиз ва фаъолони ҷамоат маҷлиси тозаи фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст як қатор масъалаҳои муҳим ва дорои аҳамияти сиёсиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муовини прокурор дар суханронии худ аҳамияти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллиро ҳамчун дастовардҳои бузурги давлату миллат таъкид намуда, ҳифзу пойдории онҳоро масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҳамчунин мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти экстремизму терроризм, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, пешгирии ҷалби ноболиғон ба амалҳои қонуншиканона, инчунин масъалаҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Гузашта аз ин, Солиҳзода Парвиз ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ишора намуда, риояи қонунгузорӣ дар ин самтро яке аз омилҳои муҳими рушди фарҳангиву иҷтимоӣ донист.
Ҳамзамон оид ба иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои ҳарбӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, пардохти андоз ва қонунҳои гумрук низ тавзеҳот пешниҳод гардид. Дар анҷоми вохӯрӣ миёни иштирокдорон мубодилаи назар сурат гирифта, таъкид шуд, ки танҳо тавассути риояи қонун ва ҳамкории зичи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавон амнияти давлат ва осоиштагии шаҳрвандонро таъмин намуд.