НАШЪАМАНДӢ - ТАҲДИДИ ГЛОБАЛӢ БА АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ
Дар ҷомеаи муосир маводи мухаддир ба яке аз хатарҳои ҷиддии сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Паҳншавии васеи воситаҳои нашъадор ва афзоиши шумораи нашъамандон ба саломатӣ, амнияти иҷтимоӣ ва устувории давлатҳо таъсири манфии бевосита мерасонад. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, истифодаи ғайриқонунии маводи мухаддирро ҳамчун “вабои аср” арзёбӣ карда, зидди он тадбирҳои мушаххасро ба роҳ мондаанд. Дар ҳамин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ талош дорад, ки ҳамқадами ташаббусҳои байналмилалӣ қарор гирифта, дар роҳи муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир саҳми назаррас гузорад. Бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо барномаву стратегияҳои мушаххаси миллӣ таҳия ва татбиқ намудааст, ки ҳадафи он коҳиши хатарҳо дар доираи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва тарбияи ҷомеаи солим аст. Тоҷикистон бо Афғонистон, ки дар сатҳи ҷаҳон яке аз истеҳсолкунандагони асосии маводи нашъаовар мебошад, марзи муштарак дорад. Ин ҳолат кишварро ба як масири муҳими транзитӣ табдил медиҳад, ки қочоқчиён бо роҳҳои гуногун - аз пайроҳаҳои кӯҳӣ то убурҳои шабонаи обӣ, кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводро мекунанд. Бо вуҷуди ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар якҷоягӣ бо қӯшунҳои сарҳадӣ шабонарӯзӣ ба муҳофизати марзҳо машғуланд. Бо назардошти авҷи ҷинояткории трансмиллӣ ва таҳдидҳои нав, дар Тоҷикистон соли 1999 бо фармони Президенти кишвар Агентии назорати маводи нашъаовар таъсис дода шуд ва ин ниҳод дар асоси Протоколи ҳамкорӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ба фаъолият оғоз кард. Агентӣ на танҳо мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба роҳ мемонад, балки назорати истифодаи қонунии онҳо, тарғиботи зидди нашъамандӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдорро низ анҷом медиҳад. Созмони мазкур таҷассумгари ҳамкориҳои босамари давлатӣ ва байналмилалӣ буда, ҳамчун як намунаи ибратомӯзи идораҳои махсус дар минтақа арзёбӣ мешавад. Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013–2020 ва Стратегияи миллии назорати маводи нашъаовар барои солҳои 2021–2030 чораҳои зиёдеро роҳандозӣ кардааст. Ҳадаф аз ин ҳуҷҷатҳои сиёсӣ - муттаҳид кардани қувваҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ дар самти коҳиши дастрасӣ ба маводи мухаддир ва бастани роҳҳои паҳншавии он мебошад. Ин стратегияҳо бо дарназардошти таҳдидҳои муосир, аз қабили афзоиши гардиши мухаддирот тавассути шабакаҳои трансмиллӣ ва истифодаи маблағҳои қочоқ барои маблағгузории терроризм ва экстремизм, таҳия шудаанд. Пешвои миллат низ дар паёмҳои худ ба зарурати тақвияти мубориза бо маводи мухаддир таъкидҳои зиёде менамоянд. Имрӯз мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Барои коҳиши талабот ва пешгирии нашъамандӣ иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои маориф, тандурустӣ, дин, Васоити ахбори омма ва волидон зарур аст. Тарғиботи оммавӣ, чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифати ҳуқуқӣ метавонанд нақши муҳим дар ҳимояи насли ҷавон аз ин хатари нобудкунанда бозанд. Агентии назорати маводи нашъаовар дар доираи ҳамкориҳои фаромиллӣ ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид тавонистааст, ки дар сатҳи байналмилалӣ низ мавқеи Тоҷикистонро мустаҳкам намояд. Имрӯзҳо тавассути механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолият ва мубодилаи маълумот бо кишварҳои минтақа, муборизаи дастаҷамъона алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар ҳоли густариш аст. Хулоса, маводи мухаддир ва нашъамандӣ аз таҳдидҳои ҷиддии асри XXI ба шумор мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаи сиёсӣ, низоми қонунгузории равшан ва сохторҳои махсусгардонидашуда дар самти коҳиши ин таҳдидҳо фаъолона амал мекунад. Бидуни шак, танҳо бо саъю кӯшиши муштарак, иродаи устувор ва иттиҳоди ҳамаи табақаҳои ҷомеа метавон алайҳи ин вабои аср мубориза бурд ва роҳи солимии ҷомеаро ҳифз намуд. Дар ҳолате ки мо якҷоя нисбати он мубориза барем, ин падидаи номатлуб решакан хоҳад шуд. Назариён Абдураҳим Назар, раиси Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ