БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ ИТТИЛООТИВУ МАЪРИФАТӢ
Таърихи 5 сентябри соли 2025 дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии васеи иттилоотиву маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз намояндагони сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла муовини прокурори ноҳия Солиҳзода Парвиз, масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони Мактаби варзишӣ, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Бахши Хадамоти муҳоҷират, инчунин китобдорони Китобхонаи марказӣ ва бачагона иштирок доштанд.
Дар рафти мулоқот Солиҳзода Парвиз баромад намуда, доираи васеи масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла, ӯ ба аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мазмун ва моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзиши Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ишора намуд.
Мавсуф зимни суханронӣ ба мавзӯъҳои мубрами ҷомеа - масъалаи арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, риояи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон, мубориза бо экстремизм ва терроризм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, риояи қонунгузории андоз, муҳофизати муҳити зист ва қонуни замин, инчунин масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар ҷараёни мулоқот як мавзӯи дигар низ ба таври ҷиддӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Муовини прокурор таъкид намуд, ки аз моҳи феврали соли 2024 растании ҳазориспанд (ҳармала) дар ҳудуди Федератсияи Россия ба рӯйхати гиёҳҳое ворид карда шудааст, ки дорои маводи нашъадор, психотропӣ ё прекурсорҳо маҳсуб мешаванд. Гуфта шуд, ки истифода ва гардиши ғайриқонунии ин растанӣ, ҳатто воридоти он барои мақсадҳои шахсӣ ва тиббӣ, дар қаламрави Россия комилан манъ гардида, тибқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, барои вайрон кардани ин қонун ҷарима, ҳабси маъмурӣ ва барои шаҳрвандони хориҷӣ – ихроҷ ва депортатсия пешбинӣ шудааст.
Солиҳзода Парвиз хотиррасон намуд, ки барои доштани беш аз 10 банду танаи ҳазориспанд шахс метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Ҷазо метавонад аз ҷаримаи калон то 1 миллион рубли русӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ, ҳатто ба муҳлати якумр, татбиқ гардад. Ҳадафи баргузории чунин вохӯриҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, огоҳсозии шаҳрвандон аз қонунгузории амалкунанда ва пешгирӣ аз ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ арзёбӣ карда шуд.