ШОМИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МАДАНИЯТ
Санаи 5 сентябри соли равон дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавию фарҳангӣ таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Ин ҳамоиш ба истиқболи солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо иштироки васеи роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, аҳли зиё ва сокинони деҳа сурат гирифт. Маросим бо сухану суруд ифтитоҳ ёфт. Таъкид гардид, ки Истиқлолият барои мардуми тоҷик муҳимтарин дастоварди таърихист, ки бо шарофати он сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин гардидааст.
Дар суханрониҳо бештар таваҷҷуҳ ба саҳми Истиқлол дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими худшиносии миллӣ ва таҳаввулоти мусбат дар ҷомеа зоҳир гардид. Дар идома барномаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид.
Ҳунармандони маҳаллӣ бо рақсҳои миллӣ ва таронаҳои ватандӯстона фазои идонаро рангинтар сохтанд. Суруду навоҳои ифтихормандона, ки аз муҳаббат ба Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ саршор буданд, руҳу равони тоза ба маҳфил бахшиданд. Чорабинии «Шукӯҳи Истиқлол» танҳо як намоиши фарҳангӣ набуда, балки ифодаи эҳтирому сипосгузорӣ ба Истиқлолият ва арзишҳои миллӣ арзёбӣ мешавад. Ин ҳамоиш барои баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, тақвияти худогоҳии миллӣ ва ташвиқи ҷавонон ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлол нақши арзанда хоҳад гузошт.