НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » МАСЪАЛАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҚАБУЛИ САЙЁРИ ВАЗИР БАРРАСӢ ШУДАНД
ноябрь 21 2025

МАСЪАЛАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҚАБУЛИ САЙЁРИ ВАЗИР БАРРАСӢ ШУДАНД

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 08:47 --- 1

             МАСЪАЛАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҚАБУЛИ САЙЁРИ ВАЗИР БАРРАСӢ ШУДАНД

            Санаи 18 октябри соли 2025 дар Муассисаи таълимии хусусии «Мактаби байналмилалӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қабули сайёри шаҳрвандон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баргузор гардид. Ин иқдом дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳким бахшидани робитаи мустақими роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ бо шаҳрвандон ва расидан ба муроҷиати ҳар як сокини кишвар анҷом дода шуд.

Дар ҷараёни қабули сайёр хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ширкат варзида, масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва беҳсозии шароити таҳсилро матраҳ карданд. Аз ҷумла, сокинон оид ба сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, таъмини мактабҳо бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти зарурӣ, интиқоли донишҷӯён байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва идомаи таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар пешниҳодҳои мушаххас иброз намуданд.

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баъди шунидани муроҷиатҳои шаҳрвандон ба масъулони сохторҳои дахлдор дастур дод, ки масъалаҳои матраҳгардида дар муҳлатҳои муайян баррасӣ ва ҳаллу фасл карда шаванд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳадафи қабули сайёр ин баланд бардоштани сатҳи дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ, шунидани мустақими фикру пешниҳоди онҳо ва таҳкими ҳамкории байни ҷомеа ва мақомоти давлатӣ мебошад.

Дар анҷоми мулоқот изҳор гардид, ки қабули сайёри шаҳрвандон минбаъд низ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома хоҳад ёфт. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, то роҳбарияти вазорат бо воқеияти соҳа аз наздик шинос гардида, барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда чораҳои амалӣ андешад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 21 ноябрь 2025 08:47
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 1
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
28 декабрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ

ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930